Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Оилаи забонҳои ҳиндуурупоӣ аз ҷиҳати сарфу наҳв аз ҳам дур шуда бошанд ҳам ҳоло дар таркибии луғавии онҳо калимаҳое ҳастанд, ки то ҳол асолатро нигоҳ доштаанд ва ба тағйироти овозиву маъноӣ комилан ба таври фарқкунанда табдил нашудаанд. Умуман, оилаи забонҳои ҳиндуурупоӣ ҳам аз ҷиҳати макон ва ҳам аз ҷиҳати замон фазо ва имтидоди басо фароху густурда доранд ва онҳо аз гурўҳҳои зерини забонӣ ҷудо мешаванд: 1. Гурўҳи забонҳои ҳиндуӣ давраҳои гуногуни таърихиро тай карда, ба онҳо ҳам забонҳои матрук (санскрит, пракрит, забони Веда ва пали) ва ҳам забонҳои зиндаи то даврони муосир омада расида (ҳиндӣ, урду, панҷобӣ, синҳалезӣ, банғолӣ, маратҳи) шомиланд. 2.Гурўҳи забонҳои эронӣ, гурўҳи нисбатан инкишофёфта, паҳншуда ва дорои таърихи амиқтаре аст, ки ба ин гурўҳ низ забонҳои матрук ва зинда шомиланд, ки дар вақти зарурӣ ба таври муфассал сари ин масъала бармегардем. 3. Забони арманӣ бо хусусиятҳои луғавӣ ва сарфиву наҳвӣ гурўҳи ҷудогонаро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки забони арманӣ ба радду бадалҳо ва ковишу коҳишҳо нигоҳ накарда, асолати таърихии худро нисбат ба дигар забонҳо устувор нигоҳ доштааст. 4. Гурўҳи забонҳои славянӣ низ аз гурўҳи забонҳои басо густурда ва рушдкардаи оилаи забонҳои ҳиндуурупоист, ки ин гурўҳ низ бо гузашти давраҳои таърихӣ тағйиротҳои назаррасро аз сар гузаронидааст. Гурўҳи забонҳои славянӣ ба се гурўҳ ҷудо мешавад. Ба гурўҳи аввал забонҳои славянии шарқӣ, яъне забонҳои украинӣ, белорусӣ, русӣ шомил буда, ба гурўҳи забонҳои славянии ғарбӣ забонҳои полянӣ, чехӣ, словакӣ шомиланд ва ба гурўҳи сеюм бошад гурўҳи забонҳои славянии ҷанубӣ, яъне забонҳои сербӣ, хорватӣ, словенӣ, македонӣ ва булғорӣ мансубанд. 5. Гурўҳи дардӣ низ дар Ҳиндустон густариши бештаре доранд ва ба онҳо забонҳои кати, ашкунӣ, войгелӣ, прасун, чатрорӣ ва кашмирӣ шомиланд. 6.Гурўҳи балтӣ забонҳои литвагӣ, латишӣ ва забони қадимаи прусиро дар бар мегирад. 7.
Гурўҳи забонҳои итолявии романӣ забони муосири франсавӣ, португалӣ, испанӣ, итолявӣ, румонӣ, молдавӣ ва испаниро дар бар мегирад, ки онҳоро имрўз маъмулан забонҳои романӣ меноманд. Забони қадимаи ин

пешина
аз 389
навбатӣ