Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мешаванд. Овозҳои нутқ дар таркиби воҳидҳои маънодор ду вазифаро адо мекунанд: калимасозӣ ва калимафарқкунӣ (ё калимашиносӣ).
Оилаи забонҳо. Маҷмўи забонҳои хеш, ки аз як забони мабдаъ ба вуҷуд омадаанд. Масалан, забонҳои славянӣ, балтӣ, ҳиндӣ, эронӣ, олмонӣ, романӣ, арманӣ ва ғ. забонҳои хеш буда, оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳанд. Миқдори оилаи забонҳо дар адабиёти илмӣ ҳар хел (20 ва аз он зиёдтар) қайд шудааст. Забонҳои ҳиндуаврупоӣ, сомию ҳомӣ, кавказӣ, финну угорӣ, туркӣ, малаю полинезӣ ва ғ. оилаҳои забонҳои калони дунё мебошанд. Маъмулан, оилаи забонҳо ба гурўҳҳои нисбатан хурд – шохаҳои забонӣ ҷудо мешаванд. Масалан, забонҳои эронӣ, славянӣ, олмонӣ, ҳиндӣ ва ғ. Гурўҳҳои оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, забонҳои матруки мисрии қадим, қубтӣ, куштӣ, чадӣ.
Гурўҳҳои оилаи забонҳои сомию ҳомиро ташкил медиҳанд. Ҳар як гурўҳи забонӣ, чун қоида аз якчанд забонҳои ба ҳам наздик иборат мебошад.
Чунончи, ба гурўҳи забонҳои эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ гурўҳи забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ шомиланд. Аммо забонҳои ҷудогонае низ ҳастанд,ки як гурўҳи мустақили оилаи забонҳоро ташкил мекунанд (гурўҳҳои албанӣ ва армании оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ).
Забонҳое, ки дар гузаштаи наздик аз забони мабдаъ ҷудо шудаанд, (мас., бисёр забонҳои малаю полинезӣ, агарчи аз ҳам дар масофаи хеле дур ҷойгир шуда бошанд ҳам, мубодилаи афкор дар байни намояндагони ин забонҳо ба осонӣ муяссар мегардад. Олимон дар асоси муқоисаи забонҳои мабдаи оилаи забонҳои гуногун фарзияи замони хеле қадим аз як забони мабдаъ (фарзияи «забонҳои ностратӣ» – «забонҳои хеш») пайдо шудани якчанд оилаи забонҳои калонро ба миён гузаштаанд. Ба ҳамдигар наздик будан ё тафовути зиёд пайдо кардани забону лаҳҷаҳои оилаи забонҳо ба муҳити ҷуғрофӣ, сарнавишти таърихии соҳибони забон, дараҷаи таъсири мутақобили онҳо, сохти давлатдорӣ ва ғ. вобаста аст. Зиёд будани тафовути байни забонҳои ба ҳам хеш нишон медиҳад, ки ба шохаю гурўҳҳо ҷудо шудани забони мабдаъ дар замони хеле қадим ба вуқўъ пайвастааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор