Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

О
Овоз. 1. Падидаи физикие, ки натиҷаи лапиши мавҷноки ҳаво мебошад. Суръати овоз. Овози мусиқӣ. 2. Унсури равшани нутқи талаффузшавандаи инсонист. Овозҳои нутқи мо мисли овозҳои дигари табиат ҳодисаи физикианд. Овозҳо дар натиҷаи ҳаракати ин ё он ҷисм падид меоянд ва тавассути ҳавои атроф паҳн мешаванд. Овозҳо дар натиҷаи ду навъи ҳаракати лапишӣ ба вуҷуд меоянд: лапишҳое,ки давомнокии якхела доранд (лапишҳои мудаввар ё муназзам) ва лапишҳое, ки давомнокии гуногун доранд (лапишҳои ғайримудаввар ё номуназзам).
Овозҳое, ки дар натиҷаи лапишҳои мудаввар пайдо мешаванд, лаҳнҳои мусиқӣ ё лаҳн ва овозҳое, ки аз лапишҳои номуназзам падид меоянд, шавшув номида мешаванд. Дар забон ҳар ду навъи овоз дида мешавад.
Лаҳнҳо садонокҳо ва шавшувҳо ҳамсадоҳоро ба вуҷуд меоранд. Манбаи пайдоиши лаҳнҳо (садоҳо) садопардаҳо мебошанд, ки ба таври муназзаму мудаввар ҳаракат мекунанд. Шавшуви барои ҳамсадоҳо хосро монеае ба амал меорад, ки тавассути ягон узви мутаҳаррик (лабҳо, забон…) дар роҳи маҷрои ҳаво ба вуҷуд оварда мешаванд.
Овозҳои забони тоҷикӣ (ниг.: садонок ва ҳамсадоҳои забони тоҷикӣ).
Овозҳои нутқ. Воҳидҳои минималии (хурдтарини) занҷири нутқ, ки натиҷаи фаъолияти мураккаби артикулятсионии инсон аст. Овозҳои нутқ воҳидҳои занҷирии фонетикианд. Овоз қисми ҳиҷост, ки муодили фонема буда, тақсимнопазир аст. Овозҳое, ки мо талаффуз мекунем ва мешунавем дар натиҷаи ҳаракати ҷисмҳо – узвҳои инсон ҳосил мешаванд. Кори якҷояи узвҳои дастгоҳи гуфтор дар ҷараёни овозсозӣ тавлиди овоз ё мухтасар тавлид номида мешавад. Вобаста ба саҳмашон дар овозсозӣ узвҳои нутқро ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: а) узвҳое, ки дар овозсозӣ иштироки бевосита доранд ва б) узвҳое, ки барои овозсозӣ масолеҳ медиҳанд. Овозҳои нутқ маъмулан, дар таркиби воҳидҳои гуногуни маънодори забонӣ: морфема, калима, ҷумла дар матн истифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор