Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда. Агар гўянда воқеа ё ҳодисаи аз забони касе шунида ё аз ҷое хондаашро ба каси дигар гўяд, чунин тарзи баёнро нақл мегўянд. Нақл муҳокимаи ботинӣ, фикру хаёлот ва орзуи ногуфтаро низ дар бар мегирад. Нақл ҳаҷман гуногун мешавад: Котиб бо як вазъияти дилгирона,ки гўё мегуфт: «Намонед-дия» дарро бозкард; Рафиқи ҷавониам – Маҳмудро дар хонааш ёфтам: «Ту маро шинохтӣ?»
Бечора ларзида «ҳа» гуфт (Ҳ.К.). Дар нақл ду унсур вуҷуд дорад: нутқи каси дигар ё худи гўянда, ки ба тариқи нақли айнан оварда мешавад ва суханони нақлкунанда (ровӣ). Агар сухани шахси дигар бе тағйирот оварда шавад, нутқи айнан нақлшуда ном дорад. Нутқи айнан нақлшуда дар нохунак оварда мешавад. Сухани нақлкунанда дар паҳлуи нутқи айнан нақлшуда меояд ва одатан ба ки тааллуқ доштани онро низ ишора мекунад. Агар нутқи айнан нақлшуда дар аввал ояд, баъди он аломати вергул, тире гузошта мешавад: «Дониста монед,ки тозагӣ гарави саломатист», – таъкид кард муаллима. Нақл се навъ сурат мегирад: айнан, мазмунан ва дар тақлиди суханони касе баён кардан. Дар нутқи айнан нақлшуда унсурҳои луғавии забони зинда (калимаҳои гуфтугўӣ, омиёна, таъбирҳои касбу ҳунар, алфози шевагӣ, таъбирҳои рехта ва ғайра) истифода мешаванд. Мазмуни гуфтаҳои касе мухтасар аз забони худ ба шунаванда (хонанда) нақл карда шавад, чунин тарзи баёнро нутқи мазмунан нақлшуда меноманд. Дар чунин тарзи баёни фикр матлаб дар қолабҳои маъмули забон ба тарзи мўътадил ифода меёбад: Аноргул ба ў мегуфт, ки бо падар ва модараш дар бом мехобад ва шабҳо таронаи Восеъро мешунавад (С.У.). Дар сухани мазмунан нақлшуда майлҳои иродавӣ (амру фармон, супориш, хоҳишу илтимос, зорию тавалло) равшану барҷаста ифода намешавад: – Ту олуи ба замин рехтаро ягон дона ҳам намонда чида, ба қуттӣ андохтан гир! – гўён ба писараш амр дод
(С.А.).

пешина
аз 389
навбатӣ