Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

зерин ҷудо мекунанд: а) нумеративҳои ададу дона: -то (-та), нафар, тан, сар, бех, дона, нусха, адад, тана (ду нафар шогирд, 5 нусха китоб, ду бех зардолу); б) нумеративҳои андозаи дарозӣ ё масофа: миллиметр, детсиметр, метр, километр, газ, фарсанг (як газ карбос, 5 км роҳ); в) нумеративҳои андозаи вазн: миллиграмм, килограмм, пуд, тонна, мисқол, қадоқ, ман, сер (ду килло биринҷ, 10 ман ҷав); г) нумеративҳои андозаи масоҳат, метрии мураббаъ (м2), таноб, гектар; (4 метри мураббаъ, як гектар замин); ғ) нумеративҳои нарху баҳо: тин, сўм, сомонӣ, танга, динор, дирҳам; д) нумеративҳои андозаи ҳаҷм: детсиметри мукааб, лўнда, дарза, қабза, мушт (як лўнда ҳалво, як қабза беда); е) нумеративҳои андозаи замон: сония, дақиқа, соат; ж) нумеративҳои гунҷоиш: ҷувол, халта, арроба, вагон (як халта орд, чор ароба бор, се танўр нон).
Нутқ – гуфтугўи мушаххасе, ки дар замони муайян дар шакли овозӣ ё хаттӣ сурат мегирад. Мафҳуми нутқ ҳам ҷараёни гуфтугў (фаъолияти нутқӣ) ва ҳам натиҷаи онро – тавлиди нутқиро, ки дар хотира ё тариқи хат сурат мегирад, дар бар мегирад. Тавсифу тасвири нутқ маъмулан тавассути муқобилгузории он ба забон (рамз) дода мешавад, ки ҳамчун системаи ба таври объективӣ вуҷуддошта аз ҷиҳати иҷтимоӣ бо аломатҳо мутобиқ буда маҷмўи системаи қоидаҳои истифода ва ҳамнишинии онҳо фаҳмида мешавад. Нутқ ва забон (рамз) фенемени ягонаи забони инсонӣ ва ҳар як забони ҷудогона аст. Нутқ таҷассум ва амалӣ гардидани забон (рамз) аст,ки танҳо тавассути он вазифаи мухобиротии худро иҷро менамояд. Агар забон аслиҳаҳои муомилот бошад, нутқ як намуди муомилаест,ки тавассути ҳамин аслиҳа ба вуҷуд оварда мешавад. Нутқ забонро ба қарина (контекст) ворид мекунад. Нутқ амали мушаххас ва такрорнашаванда буда, забон баръакси он дорои хусусияти муҷаррадӣ ва бозтавлидӣ мебошад. Нутқ моддист ва аз аломатҳои талаффузшаванда иборат аст, ки тавассути эҳсосот (узви шунавоию биноӣ ва қувваи ломиса) дарк карда мешавад. «Забон нутқро ба вуҷуд меорад ва ҳамзамон худаш офаранда мебошад. Забон ҳамзамон ҳам аслиҳа ва ҳам маҳсули нутқ мебошад» (Ф. де Соссюр).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор