Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(Кароматуллоҳи Мирзо). 2. Дар интиҳои ҷумлаҳои амрие, ки ба тариқи хоҳиш, орзу, илтимос гуфта шудаанд: Канӣ, ба ош марҳамат кунанд (П.Т.). 3. Пас аз ихтисораҳо: ш. Самарқанд, Б.Ғафуров, саҳ. 220, ҷ. II. 4.
Ҳангоми тартиб додани феҳрасти адабиёт чунин мавридҳои гузоштани нуқта муқаррар шудааст: Айнӣ С. Куллиёт. – Душанбе: Нашрдавтоҷ, 1969
– Ҷ. II. – с. 26-27. – 268 с. 5. Нуқта гузошта намешавад: а) дар интиҳои унвони матн ё сарлавҳа; б) дар интиҳои ному насаби муаллиф, унвони китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дарсӣ; в) дар интиҳои номи ҳуҷҷат, ки чун унвони матн кор фармуда мешавад (ариза, забонхат, зиндагинома, фармон); г) дар интиҳои таркибҳои кўтоҳшуда: СММ (Созмони Милали Муттаҳид).
АИ ҶТ (Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон); ғ) дар интиҳои калимаҳои баёнгари мафҳуми ченаки вазн, масофа ва амсоли ин: грамм, сантиметр, метр, километр (250 г қанд, 50 кг биринҷ, 20 м чит, 10 га замин).
Нуқтавергул – аломати китобатиест, ки нуқтаро дар болои вергул гузошта мешавад. Мавридҳои гузоштани ин аломат дар байни аъзои чидаи тафсилӣ, ки бо ҳарф ё рақам гурўҳбандӣ шудаанд. Мисол:
«Низомии Арўзӣ дар «Чаҳор мақола»-и худ танҳо дар байти охирини шеъри «Бўйи ҷўйи Мўлиён» ҳафт санъати шеъриро зикр намудааст:
мутобиқ (офарину мадҳ); мутазод (суду зиён); мураддаф – такрор; баёни мусовот – офарину мадҳ бо ганҷ; азубат (хушмаза, гуворо); фасоҳат; ҷазолат (устуворӣ, хубӣ, бузургӣ)».
Нумератив. Калимаҳое, ки дар байни шумора ва предмети шумурда омада, маънои мустақили луғавӣ надоранд. Нумеративҳои -та, -то нумеративҳои аслию умумианд ва бо шумораҳо ҳамроҳ меоянд: дуто нон, сето қалам, даҳто китоб: Ҳар як гўсфандам… аз даҳто кампири ту азизтаранд (С.А.). Ҳар як гурўҳи маъноии исмҳо бо калимаҳои нумеративии муайян меояд. Калимаҳои мансуби шахс баъди шумора бо нумеративҳои нафар, тан меоянд: ақаллан си-чил тан ангиштканҳои рафтаро мегардондӣ (Р.Ҷ). Калимаи сар барои шумори ҳайвонот меояд.
Бо ҳамаи ин як ҳазору шашсад сар гўсфандамон дар як сол ду ҳазору ду сар шуд (С.А.). Нумеративҳоро аз рўи семантика – маънояшон ба хелҳои

пешина
аз 389
навбатӣ