Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

тахаллус низ месозад: Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шукўҳӣ.
Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ном ва номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Ибни Сино, Ибни Рушд, Ибни Ямин. Номи вазифа, мансаб, унвон, рутбаҳои давлатӣ ва ҳарбӣ, дараҷаҳои илмӣ бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиши миллӣ, доктори илми филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ.
Нохунак. Аломати ҷуфти китобатӣ, ки барои ҷудо кардани нутқи айнан нақлшуда, иқтибос, номи асарҳои бадеӣ, рўзномаю маҷалла, созмонҳои ҷамъиятӣ ба кор меравад. Нохунак ду навъ дорад: («–»); (“–”).
Ин аломат дар чанд маврид гузошта мешавад: 1. Барои ҷудо кардани нутқи айнан нақлшуда аз сухани муаллиф: Писарак чанд лаҳза лангонлангон қадам ниҳода, хоку чанги либосҳояшро афтонда, боз тозону сурудхонон идома дод. «Афтодану хестан ҳам ба мард мезебад…» – боҳавас ба ў нигариста гуфтам дар дил (Абдулҳамид Самад). 2. Сухани шахси дигар чун санад дар нохунак меояд: … бо ҳамаи ин шавқи хонданро ҳеҷ аз ёд набаровардан: «мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ» гўён тағоият
– Мулло Деҳқонро, ки ҳарфшинос буд, дарсҳои ибтидоӣ хонондам…
(С.А.). 3. Зарбулмасалу мақол ва панду андарзи бузургон низ дар нохунак гирифта мешавад: Мардон ба вай бо чашми ҳавас менигаристанд, ҷавонон гап мепартофтанд, аммо Наниманча аз ҷумлаи духтароне буд, ки мақоли «Даст расону ба бало мон» дар ҳаққи онҳо гуфта шудааст (С.У.).
4. Калима ё и бораҳои бегона, ки ба меъёри забон мувофиқ нестанд, дар нохунак гирифта мешаванд: Аз каромати пири мо чӣ аҷаб? Гурбаро диду «кор ёғдӣ» – гуфт (Ф.М.). 5. Номи ширкату муассиса, корхона, китоб, рўзномаю маҷалла дар нохунак гирифта мешавад: Ширкати хайрияи «Сарпараст» дар чопи китоби дарсӣ саҳм гузошт. Достони «Сиёвуш»
ҷолибтарин достони «Шоҳнома» аст.
Нуқта. Нуқта аз аломатҳои маъмули хати тоҷикист ва дар чанд маврид гузошта мешавад: 1. Дар интиҳои ҷумла, ки ба анҷом расидани фикрро мефаҳмонад: Меҳрубон падарашро аз хоб хезонда натавонист

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор