Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шудаанд: рухсатии 15-рўза, кўдаки 9-моҳа, марди 95-сола. 7. Дар байни шумораҳои миқдории тахминӣ: се-чор савора, чор-панҷ китоб, сӣ-чил донишҷў… 8. Пеш аз пасванди -ум (-юм) ва нумеративҳои -та, -то, ки бо шумораҳои миқдорӣ ё тахминӣ меоянд: а) пеш аз пасванд: 6-ум, 30-юм, дуюм; б) пешаз шумораҳои миқдорӣ ва дар байни шумораҳои миқдории тахминӣ: 2-то, 7-то, панҷ-шаш, даҳ-понздаҳ, сад-саду бист… 9. Дар байни ҷонишинҳои номуайянии ким-кӣ, ким-чӣ, ким-кадом, ким-чӣ хел… 10.
Дар байни зарфҳои такрор: кам-кам, тез-тез, оҳиста-оҳиста, доман-доман, аҳён-аҳён… 11. Дар назм дар байни пешоянду пайвандакҳои кўтоҳшуда:
к-ин, к-он, з-ин, з-он, бад-ин, бад-он… 12. Пеш аз ҳиссачаҳои -чӣ, -ку, -а, - дия… 13. Дар байни нидоҳои такрор: баҳ-баҳ, ҳай-ҳай, ваҳ-ваҳ, бай-бай…
Ном – калима ва ё пайвасти калимаҳое, ки предмет ё инсонро номбар мекунанд. Аломати фарқкунандаи ном ҳамчун як навъи калимаҳо бо амали номгузорӣ низ алоқаманд аст. Дар забонҳои дорои морфологияи инкишофёфта ном бо шаклҳои тасрифиаш фарқ мекунад. Тавассути аломатҳои ғайризабонӣ ва дохилизабонӣ номро аз навъҳои дигари калимаҳо фарқ мекунанд. Асоси ғайризабонӣ дар он зоҳир мешавад, ки ном предметро ифода мекунад. феъл бошад, аломат ё муносибатро ифода мекунад. Асоси дохилизабонӣ дар он зоҳир мешавад, ки танҳо ном ба объекти ғайризабонӣ муносибати номгузориро ифода карда метавонад.
Масалан, феълҳо ва калимаҳои предикативӣ бидуни номбар кардани чунин муносибатҳо муносибатҳои байни предметҳоро ифода мекунанд.
Пайвандакҳо робитаи мантиқии байни унсурҳои фикру андешаро «ифода» намуда, ягон обйекти ғайризабониро ифода намекунанд. Нидоҳо низ бидуни номбаркунӣ эҳсосоту ҳиссиётро «ифода мекунанд». Дар таркиби ҷумла ном дар таркиби предикат ба сифати субйекту обйект ва пуркунанда омада метавонад.
Ному насаб - бо роҳҳои зерин ифода меёбад. Бо бандаки изофӣ:
Масъуди Саъди Салмон, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Бо пасвандҳои -ӣ, -зода (-зод), -иён, -пур, -духт: Сомонӣ, Асрорӣ, Мирзозода, Афсаҳзод, Неъматиён, Нодирпур, Зафардухт. Пасванди –ӣ

пешина
аз 389
навбатӣ