Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Нишонаи қатор (ҳаракати уфуқии забон) тазодҳои зеринро ба вуҷуд меорад, ки ба воситаи онҳо садонокҳои тоҷикӣ ба се гурўҳ ҷудо мешаванд:

  1. Садонокҳои қатори пеш: и, э.
  2. Қафо: у, о.
  3. Омехта: ў, а.
    Тазоди пеш-қафо дар байни чор фонема: и, у (дид-дуд) – дар бардошти боло, э, о (бед-бад) – дар бардошти миёна ба назар мерасад.
    Тазоди омехта – ғайриомехта танҳо хоси садонокҳои бардошти миёна аст: о-э (зўр - зер).
    Нишонаи фарқкунандаи бардошт (ҳаракати амудии забон) садонокҳои тоҷикиро ба се гурўҳи миқдоран нобаробар тақсим мекунад:
  4. Садонокҳои бардошти боло: у, и.
  5. Бардошти миёна: э, ў, о.
  6. Бардошти поён: а.
    Садонокҳои бардошти боло бо садонокҳои бардошти миёна ва садонокҳои бардошти миёна бо садоноки бардошти поён муносибати тазодӣ доранд: и-э (шир-шер), у-о (бум: бом), ў-а (кўр-кар).
    Нимсадо. 1. Овозе, ки хосияти фонетикиаш ба садонок қаробат дораду вазифаи ҳиҷосозӣ надорад, мисли сонанти миёнизабонии русии [й] дар интиҳои калима, ки пас аз садонок меояд: май, лей. 2. (Глайд) садоноке, ки унсури дифтонг буда, қобилияти ҳиҷосозӣ надорад.
    Нимтире (дефис) аломати имлоист. Ин аломат дар чунин мавридҳо истифода мешавад: 1. Дар байни исмҳои таркибие, ки ҷузъи дуюмашон ба такрор дар ҳамон қолаб меоянд ва маънои мустақил надоранд: нон-пон, қанд-панд, чой-пой… 2. Дар байни калимаҳои тақлиди овозӣ, ки бо роҳи такрор ифода мешаванд: чак-чаки борон, тақ-тақи дарвоза, шилдиршилдири об. 3. Дар байни сифатҳои таъкидӣ: каб-кабуд, суп-сурх, сапсафед, наппа-нав, каппа-калон. 4. Дар байни калимаҳои такрор: гурўҳгурўҳ, доман-доман, даста-даста, оҳиста-оҳиста… 5. Дар байни сифатҳои таркибии нисбӣ: адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, афкори адабӣ-эстетикӣ, луғати русӣ-тоҷикӣ… 6. Пеш аз калимаҳои сифатии ададӣ, ки бо рақам навишта
пешина
аз 389
навбатӣ