Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

иштирок намекунанд, зеро дар гурўҳи лабиҳо ҷуфти мувофиқ надоранд.
Ҳамин тавр, тазодҳои забонӣ-забончагӣ, забончагӣ-ҳалқӣ, пешизабонӣбайнизабонӣ, пешизабонӣ-пасизабонӣ низ шомили тазоди лабӣ-забонӣ буда, аз рўйи нишонаи махраҷ тавсиф мешаванд.
Низоми садонокҳои тоҷикӣ. Дар забони адабии тоҷик шаш фонемаи садонок муқаррар шудааст: и, э, а, ў, у, о. Ин садонокҳо дар якҷоягӣ низоми садонокҳои (вококализм) тоҷикиро ташкил медиҳанд. Низоми фонемаҳои садонокро хусусияти системанокии онҳо таъмин менамояд, ки тавассути нишонаҳои тафриқии онҳо муайян карда мешавад. Фонемаҳои садоноки забони тоҷикӣ дар сатҳи фонетикӣ аз ҳамдигар бо 4 хусусияти худ: қатор, бардошт, кори лабҳо ва тамдид фарқ мекунанд. Аммо дар сатҳи фонология барои аз якдигар фарқ кардани садонокҳо хусусиятҳои қатор ва бардошт басо муҳиманд. Ин ду нишона ҳамаи шаш фонемаи садонокро аз якдигар ҷудо карда, яклухтии низоми садонокҳоро таъмин менамоянд. Хусусияти лабӣ дар низоми садонокҳои тоҷикӣ зиёдатист.
Хусусияти устуворӣ ва ноустувории (тамдид) садонокҳо, ки дар марҳилаҳои пешинаи инкишофи забони тоҷикӣ ба сифати дигар: дарозӣ ва кўтоҳӣ воқеъ гардида, барои фарқ кардани фонемаҳои кўтоҳ аз дароз:
а аз а:, у аз у:, и аз и: истифода мешудааст, дар ҳолати имрўзаи забони тоҷикӣ ҳамчун воситаи фонемафарқкунӣ истифода намешаванд.
Садонокҳои забони адабии тоҷикиро дар низоми (система) ду нишонаи тафриқӣ: бардошт ва қатор муттаҳид месозад. Ду нишонаи тафриқии садонокҳо тазодҳои гуногуни низоми вокализмро ба вуҷуд меорад.
Нишонаҳои фарқкунандаи садонокҳои тоҷикӣ чунин аст:
қатор
пеш омехта қафо
бардошт
боло и у
миёна э ў о
поён а

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо