Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

морфемаҳо, лексемаҳо ва ҷумлаҳо таркиб ёфтааст. Фонема, морфема, лексема ё калима, ҷумла воҳидҳои ин низом мебошанд. Байни воҳидҳои низоми забон ду навъи алоқа: тазод ва такмили ҳамдигар вуҷуд дорад.
Навъи якуми алоқа ба воҳидҳои як низом хос аст. Масалан, аз ҷиҳати шабоҳату монандӣ ва зиддият (тазод) фонемаҳои гуногунро ба ҳамдигар муқобил гузоштан мумкин аст. Навъи дуюми алоқа ба воҳидҳои низоми гуногун хос аст. Масалан, морфема аз воҳидҳои хурдтар – фонемаҳо, калима дар навбати худ аз морфемаҳо, ҷумла аз калимаҳо таркиб меёбанд.
Воҳидҳои забон байни ҳамдигар алоқаи вобастагӣ доранд. Аз ин рў тағйирёбии як воҳиди забонӣ боиси тағйирёбии воҳидҳои забонии дар радифи дигар воқеъгардида мешавад. Назарияи аз низоми ягона иборат будани забонро аввалин бор Ф. де Соссюр ба миён гузоштааст.
Низоми ҳамсадоҳои тоҷикӣ. Дар забони адабии муосири тоҷикӣ бисту чор фонемаи ҳамсадо мавҷуд аст: б, п, м, в, ф, д, т, з, с, ж, ш, н, л, р, ҷ, ч, й, г, к, ғ, х, қ, ъ. Ин фонемаҳо байни худ робитаи муайян доранд ва аз рўи низоми муайян амал мекунанд. Барои ошкор сохтани низоми ҳамсадоҳои забони адабии тоҷик ба эътибор гирифтани нишонаҳои зерин муҳим аст: а) махраҷи тавлид; б) тарзи тавлид; в) иштироки ризонаторҳо; г) иштироки лаҳн ва шавшув. Туфайли ин нишонаҳо ҳамсадоҳо дар тазодҳои гуногун иштирок намуда, шабоҳат ва тафовути худро зоҳир менамоянд. Масалан, нишонаи фарқкунандаи махраҷ моҳияти ҳамсадоҳоро ҳамчун овозҳои махраҷдор муайян мекунад. Ин нишона ҳамсадоҳои тоҷикиро ба чор гурўҳ ҷудо мекунад: 1) лабӣ (б, п, в, ф, м), 2) забонӣ, ки ба зергурўҳҳои: а) пешизабонӣ (д, т, з, с, ҷ, ч, м, ш, л, р, н), байнизабонӣ (й) ва в) пасизабонӣ (г, к) тақсим мешаванд, 3) забончагӣ (ғ, х, қ) ва 4) ҳалқӣ (ъ, ҳ). Муносибати фонемаҳоро дар ин гурўҳҳо тазодҳои зерин нишон медиҳанд: 1) Тазоди лабӣ-забонӣ даҳ фонемаи ҳамсадоро аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ба воситаи ин тазод дар гурўҳи беҷарангҳо фонемаҳои п:т (пар:тар), ф-с (фол-сол), дар гурўҳи ҷарангдорҳо б:д (бод:дод), в:з (вора:зора) ва дар гурўҳи сонориҳои (лаҳниҳои) м:н (мон:нон) фарқ мекунанд. Ҳамсадоҳои ж, ш, ҷ, ч, р, л дар ин тазод

пешина
аз 389
навбатӣ