Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мешаванд. Нидоҳо аз ҷиҳати баромади худ ду хел мешаванд: 1. Нидоҳои аслӣ. Чунин нидоҳо аз як, ду ё се овоз иборат буда, дар шакли такрор низ меоянд: Э!, О!, А!, Оҳ! – оҳ! Бай-бай!, Маҳ-маҳ-маҳ! 2. Нидоҳои сохта (муштақ): Нидоҳое, ки аз калимаҳои мустақилмаъно дар натиҷаи суст ё гум шудани маънои номинативии онҳо ба вуҷуд омада, ҳоло чун воситаи ҳиссиёти эҳсосию муассирии нутқ кор фармуда мешаванд: Хомўш! Ором!
Ҷим! Диққат! Лаббай! Ташаккур! Раҳмат! Нидоҳо аз ҷиҳати ифодаи ҳиссиёту ҳаяҷон низ ду хел мешаванд: 1. Нидоҳои императивӣ (амрӣ).
Нидоҳое, ки амру фармон, огоҳкунӣ, даъват, мулоқот, хайру маъзур, шакку шубҳа, табрику таҳниятро ифода мекунанд: Ҳой! Ўй! Хайр! Салом!
Лаббай! 2. Нидоҳои эҳсосӣ. Нидоҳое, ки ҳиссиёти гуногун: хурсандӣ, ғазаб, таҳқир ва писхандро ифода мекунанд: Э! О! И! Эҳ, Уф, Тфу! Оббо, Байбай!
Низоми забон. Маҷмўи унсурҳои забонии ҳама гуна забони табиӣ, ки дар алоқаю робитаи ҳамдигарианд ва ягонагию яклухтии муайянро ба вуҷуд меоранд. Ҳар як унсури низоми забон дар муқобилгузории унсурҳои дигар қарор дорад. Масалан, дар забони русӣ шумораи ҷамъ, ки дорои ҷамъи дугона нест, дар қиёси шумораи ҷамъи забони славянӣ, ки дорои ҷамъи дугона мебошад, арзишу аҳамияти дигаре дорад.
Тасаввуроти ҳозираи низоми забон баъзе мафҳумҳои ба ҳам алоқамандро фаро мегирад: сохтори забон, воҳидҳои забон, муносибатҳои парадигматию синтагматикӣ, аломатнокии забон, шакл ва функсия, сохтор ва аслу ҷавҳар, робитаи берунаю дохилӣ дар забон, ҳамзамонию дарзамонӣ, таҳлилу таркиб, муназзамӣ ва номуназзамӣ. Мафҳуми назму тартиб хосияти дараҷабандӣ дорад, яъне истифодаи дараҷаҳои гуногуни системанокиро мумкин мешуморад. Дар системаҳои хуб муташаккилёфта (мас., дар фонетика) дар қиёси (вожашиносӣ) тағйироти муҳими як унсур боиси тағйироти нуқтаи дигари система мегардад. Дар таълимоти Ф. де Соссюр низоми забон ҳамчун низоми аломатҳо баррасӣ мешавад, ки дар мавриди таҳқиқи он сохтори дохилии онро аз корбурди зоҳириаш фарқ бояд кард. Низоми забон аз якчанд низомҳои сода – низоми фонемаҳо,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо