Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мешавад. Таҳқиқу баррасии проблемаи забон ва нутқ бо номи Ф. де Соссюр (асосгузори мактаби забоншиносии Женева) алоқаманд аст. Нутқ гуногун аст: 1. Нутқи овозӣ. Ин намуди нутқро шифоҳӣ ва зоҳирӣ низ меноманд. 2. Нутқи ботинӣ – хаёлотест, ки изҳор нашудааст. 3. Нутқи диалогӣ – гуфтугўи ду ё зиёда ҳамсўҳбатон. 4. Нутқи хаттӣ – нутқе, ки дар коғаз сабт ёфтааст. 5. Нутқи кинетикӣ (юн. Kinetikos – ба ҳаракат тааллуқдошта), мубодилаи фикр тавассути имою ишора.
Нейролингвистика. Як соҳаи забоншиносӣ, ки дар васлгоҳи неврология ва забоншиносӣ ба вуҷуд омада, алоқаю робитаи системаи забонро дар таносиби мабдаи рафтори забонӣ муайян мекунанд.
Некроним – яке аз навъҳои топонимҳо буда, номи оромгоҳҳо (мадфан, қабристон, маноқиб)-ро ифода мекунад. Ин истилоҳи топонимӣ аз забони юнонӣ гирифта шуда, аз ҷузъҳои necro – мадфан ва onim – ном таркиб ёфтааст.
Нидо (ар. ندا – бонг, фарёд, хитоб), яке аз ҳиссаҳои нутқ аст,ки ҳаяҷон, ҳиссиёти гуногун ва изҳори иродаро ифода мекунад. Масалан: Эй!, Вой!, Ҳой!, Офарин! Ва ғ. Нидо аз ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ бо он фарқ мекунад, ки вазифаи номинативӣ (номгузорӣ) надорад, танҳо аломату ишораи нутқ буда, барои ифодаи таассуроти одам нисбат ба ҳодисаҳо воқеоти муҳити атроф ва ё барои ифодаи талаб, нияту хоҳиш, амру фармон хизмат мекунад; Аъзои ҷумла шуда наметавонад ва аз ҷиҳати синтаксисӣ бо аъзоҳои ҷумла алоқаи грамматикӣ надорад. Нидо аз калимаҳои ёридиҳанда бо он фарқ мекунад, ки муносибати байни калимаҳои ҷумларо ифода наменамояд ва ҳамчун воситаи алоқаи байни онҳо хизмат намекунад. Нидоҳо аз рўйи маъно ҳиссиётӣ (эмотсионалӣ):
ифодакунандаи ҳиссиёту ҳаяҷон ва императивӣ (ифодакунандаи изҳори ирода), аз рўи сохт аслӣ (сода) ва муштақ (сохта) мешаванд. Нидоҳои аслӣ аз як ё ду-се овоз иборатанд, шакли такрор доранд: Э, а, о, эҳ, оҳ, вой, байбай, паҳ-паҳ ва ғ. Нидоҳои муштақ аз ҳиссаҳои мустақили нутқ ба вуҷуд меоянд: Афсўс! Диққат! Хомўш. Калимаҳои даъватӣ ба ҳайвонот, паррандагон (ай, чу, бош, киш, ту-ту ва ғ.) низ ба гурўҳи нидоҳо дохил

пешина
аз 389
навбатӣ