Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

намудӣ дорад, ифода меёбад. Феълҳои давомнок бо пешванди ме- аз ду асоси феълӣ сохта мешаванд: пас аз ин падараш ба ҳар куҷое, ки мерафтааст, аввал ҳасрати мўзаи писарашро баён мекардааст (Ҳ.К.).
Феълҳои зерин дар таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда омада, барои ифодаи нотамомӣ, мўлкаратӣ ва давомнокии амал хизмат мекунанд:
истодан, мондан, гаштан (гардидан), гирифтан, омадан, нишастан, хобидан ва ғ. Аз ҷумлаи деҳқононе, ки аз он ҷой ба отпуска омада меистанд, ақаллан як кас ҳам дар ин хусус шикоят намекунад-ку! (Ҳ.К.); Охир, тезтез хат карда ист, – гуфта будед-ку? (С.У.); Мисли одамони дуппадуруст кор карда мегаштам, ҳатто ба шумо мўйсафедон ёрӣ ҳам расонда меистодам (Ҳ.К.); Ғулғула наздик шудан гирифт (С.А.); Остонақулқўрбошӣ дар яке аз ғорҳои кўҳи Сарсарак бо йигитҳои худ «дам» гирифта мехобид (Ҳ.К.). Намудҳо ё шаклҳои ҷуфти феълҳое, ки дар феълҳои мутлақ ва давомдор вобаста ба маъноҳои яксони луғавию семантикӣ ба вуҷуд меоянд. Шаклҳои ҷуфт бо роҳҳои зерин сохта мешаванд: 1. Бо пасвандҳо: афтидан-афтодан, фиристодан-фиристонидан, овардановаронидан. 2. Бо пешвандҳо: мондан-бозмондан, гузоштан-вогузоштан, расидан-даррасидан, рабудан-даррабудан, бархестан-бархостан. 3. Бо асосҳои гуногун, ки ҷуфтҳои синонимианд: сўхтор-даргирифтан, афтиданғалтидан, паррондан-андохтан, ҷаҳидан-ҷастан, рўидан-рустан. 4. Бо феълҳои ёридиҳанда: кор карда истодан-кор карда нишастан.
Намудҳо ё шаклҳои ҷуфти феъл – шаклҳое, ки дар феълҳои мутлақ ва давомдор вобаста ба маъниҳои якхелаи луғавию маъноӣ ба вуҷуд меоянд. Шаклҳои ҷуфт сохта мешаванд: 1. Бо пасвандҳо: афтиданафтодан, фиристодан-фиристонидан, овардан-оваронидан. 2. Бо пешвандҳо: мондан-бозмондан, гузоштан-вогузоштан, расидандаррасидан, рабудан-даррабудан; бархестан-бархостан; 3. Бо асосҳои гуногуне, ки ҷуфтҳои синонимианд: доштан-қапидан, парронданандохтан; ҷаҳидан-ҷастан, рўидан-рустан, ҷаҳидан-ҷастан. 4. Бо ёридиҳандаҳои феълӣ: кор карда истодан – кор карда нишастан. Чунин тарзи ифода ҳамчун синонимҳои грамматикии феълҳо дар назар дошта

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо