Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

маъноии намудҳои феъл бо шаклҳои хоси феъл, ба воситаи вандҳо ва феълхои ёридиҳанда ифода меёбанд. Феълҳое, ки дар лаҳза ва ҳудуди муайяни вақт воқеъ шудан ва ба анҷом расидани амалу ҳолати яккаратиро мефаҳмонанд, феълҳои намуди мутлақанд. Намуди мутлақи феълҳои забони тоҷикӣ бештар ба шаклҳои замони гузаштаи феъл тааллуқ дорад.
Шаклу воситаҳои ифодаи намуди мутлақи феълҳо як хел нестанд. 1.
Намуди мутлақ бо шаклҳои холиси феъл, бисёрии воситаҳои иловагии дастурӣ ифода меёбад. Аз ҷумла феълҳои замони гузаштаи наздик ва нақлӣ: рафтам, фиристодӣ, омаданд, баромад, шунидааст, рафтаанд ва ғ.:
Мошин ба рўи суфакўҳи Данғара баромад (Ф.М.), лекин ба хона даромада дид, ки мўйсафед хобидааст (Ҷ.И.). 2. Феълҳои таркибии номӣ ба эътибори шакли замони гузаштаи наздик буданашон, ҳамчунин шаклҳои замони гузаштаи дур чун ифодагари амали яккаратаи қатъшуда ба гурўҳи намуди мутлақ дохил мешаванд: такя кардам, ҳозир шуд, гуфта буд, гирифта буданд: Бибиоиша ҳамон ҷавоби сохтаеро, ки Одина дар вақти рафтанаш ба ў омўхта буд, ба ёд овард ва гуфт (С.А.). Шаклҳои замони гузаштаи наздик, гузаштаи нақлӣ ва гузаштаи дури ин гуна феълҳо низ ба гурўҳи феълҳои намуди мутлақ дохил мешаванд: чақ-чақ кардем, сўҳбат кардааст, ҳикоя карда буд, саросема шудем, овора шуда буданд, давом кард ва м.и.
Намуди давомнок давомнокӣ ва ё такрори мўлкаратаи амалро мефаҳмонанд. Давомнокӣ маънии ҷараёни бардавому нотамоми амалро дар шаклҳои феълии замони гузашта, ҳозира ва оянда ифода мекунад.
Мўлкаратӣ бошад, дар баробари ифода намудани такрори амал маънои давомнокии амалро низ дарбар мегирад. Мас., феълҳои рафтан гирад, омада истодааст, кор карда гаштаанд, итоат мекардаанд бештар ҷараёни амал – давомнокӣ, аммо феълҳои хўронда истод, омада мерафтанд амали давомноки мўлкаратиро мефаҳмонад: Агар шумо пеш нигоҳ карда рафтан гиред, ба ногоҳ ин оби дурахшон монанди моҳи тобоне, ки дар паси абр медарояд ба зери санге даромада, аз назаратон пинҳон мешавад (С.А.).
Намуди давомноки феъл бештар бо пешванди ме-, ки маънои замонӣ ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо