Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

забон зикр ёфтааст. Мутобиқи ин назария забон дар асоси садоҳои меҳнатии амсоли ҳа, ҳо, э, о, ў, оҳ ба вуҷуд омадааст. Ин назария низ асосу бунёди илмӣ надорад, зеро чунин садоҳо ягон маънои муайяну мушаххас, ҳиссиёти аниқеро ифода карда наметавонанд.
Назарияи тақлиди овозӣ. Яке аз қадимтарин назария дар бораи пайдоиши забон буда, дар Юнони бостон ба вуҷуд омадааст.
Ҷонибдорони ин назария (Лейбниц, Гердер, Гумболдт) бар ин ақидаанд, ки калимаҳои нахустин дар натиҷаи тақлид ба овозҳою садоҳои табиат – садои паррандагон, ҳайвонҳо, обу бод ба вуҷуд омадаанд. Ҷонибдорони ин назария онро ба асос гирифтаанд, ки дар аксари забонҳо калимаҳои тақлиди овозӣ амсоли мияв-мияви гурба, аккоси саг, ку-куи парранда, шав-шуви об ва ғайра ҷой доранд. Нодурустӣ ва ғайриилмӣ будани ин назарияро омилҳои зайл тасдиқ мекунанд: дар бисёр забонҳо калимаҳои тақлиди овозӣ, мисли калимаҳои нидоӣ ниҳоят каманд. Барои ин ки инсон ба овозҳои табиат, ҳайвоноту паррандагон тақлид кунад, бояд дастгоҳи нутқи инкишофёфта дошта бошад, вагарна тақлидкунӣ ҳеҷ гоҳ муяссар намешавад.
Намуд дар феъл. Феълҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати лаҳзаи замонии иҷро, анҷом ва ё ҷараёни ҳаракату ҳолат аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Масалан, дар ҷумлаи: Баъд аз соате дубора дари обхона кушода шуд, боз касеро монанди буз хаво доданд ва дарро баста рафтанд (С.А.) феълҳои кушода шуд, ҳаво доданд, рафтанд лаҳзаҳои ҷудогонаи амал ва анҷоми онро мефаҳмонанд. Дар ин гуна феълҳо баробари хотима ёфтани вақти амал натиҷаи он ҳам маълум аст. Феълҳо ва таркибҳои феълие низ ҳастанд, ки вобаста ба сохту маънии худ иҷрои мўлкаратӣ ва ё давомнокии амалро мефаҳмонанд: мешунидам, таҳлил дорад, омада истодааст, гуфтан гирифт, навиштан мегиранд. Намуди феъл дар лаҳзаву ҳудуди муайяни воқеъ шудани амал, ба анҷом расидани он ва ё дар ҳолати мўлкаратӣ ва давомнокӣ воқеъ гардидани кору ҳолатеро ифода мекунад.
Вобаста ба ин феълҳо ба ду гурўҳи намудӣ ҷудо мешаванд: феълҳои намуди мутлақ ва феълҳои намуди давомнок. Мазмун ва тобишҳои

пешина
аз 389
навбатӣ