Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

шудани қабати ҳаво ба вуҷуд меояд. Чунин тарзи талаффуз ба баъзе садонокҳою ҳамсадоҳо тобиши димоғӣ мебахшад. Дар баъзе забонҳо овозхои димоғӣ ҳамчун аломати фарқкунанда низ истифода мешаванд.
Мас., садонокҳои димоғӣ дар забонҳои фаронсавӣ, лаҳистонӣ, португалӣ фонемаҳои мустақиланд. Нишонаи фарқкунандаи тобиши димоғӣ дар забони тоҷикӣ яке аз унсурҳои системаи фонологии забони тоҷикист.
Вобаста ба доро будан ё набуданашон бо ин нишона ҳамсадоҳои тоҷикӣ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: димоғӣ (м, н) ва ғайридимоғӣ (ҳамаи ҳамсадоҳои дигар). Нишонаи фарқкунандаи тобиши димоғӣ тазоди димоғӣ-ғайридимоғиро ба вуҷуд меорад, ки дар он танҳо ҳамсадоҳои зич иштирок мекунанд. Тазоди димоғӣ-ғайридимоғӣ аз ҳамсадоҳои лабӣ дар байни фонемаҳои м, б (мум: бум) ва дар гурўҳи пешизабониҳо дар байни н: д (нон-дон) мушоҳида мешавад. Дар баъзе шеваҳои забони тоҷикӣ (Мастчоҳ, Ғарм) пеш аз ҳамсадоҳои димоғии м, н садоноки о чун фонемаи у талаффуз мешавад: нун (ба ҷойи нон), нум (ба ҷойи ном), хуна (ба ҷойи хона).
Назарияи имою ишоратӣ. Мувофиқи ин назария забон дар асосу заминаи имою ишорат кардан ба предмет, ҳодисаю воқеа пайдо шудааст.
Ин назария хоси «нутқи» кару гунгҳо буда, бо забони овозӣ робитае надорад.
Назарияи нидоӣ. Назарияи қадимтарин роҷеъ ба пайдоиши забон.
Мутобиқи ин назария забон дар асоси фарёдҳои бешуурона ба вуҷуд омадааст. Ҷонибдорони ин назария эпикурҳои Юнони қадим ва баъдтар Я.Гримм, Г.Штейнтал, Жан Жак Руссо, Дарвин ва дигаронанд. Онҳо даъво доранд, ки забони аввалин дар натиҷаи ҳаяҷони ботинии одамони ибтидоӣ ба вуҷуд омада, дарду хурсандӣ, тарсу гуруснагиро ифода намудааст. Рўҳия ва ҳаяҷони ашхоси ҷудогона не, балки талаботу тақозои иҷтимоии ҷамъият забонро ба вуҷуд овардааст.
Назарияи равонӣ (ниг.: ҷараёни психологӣ).
Назарияи садоҳои меҳнатӣ. Ин назария дар асри XIX дар асарҳои материалистони вулгарӣ (Л.Нуаре, К.Бюхер) доир ба назарияи пайдоиши

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо