Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ҳар кӣ моро мекушад, бо шеърборон зинда бод.
Ба гурўҳи наввожаҳои услубии фардӣ калимаҳои филборон, одамистон, рўзохун, аҷамбошон, қонунгар ва ғайраҳо мисол оварда шудаанд:
Шабохун мезанад шабҳову рўзохун тамоми рўз, Ба ҷони ман дар ин дунё ҳуҷуми ишқи дилбар беҳ.
Наво. Наво ё пасту баландшавии лаҳни гуфтор ҳангоми талаффузи ин ё он фраза (ҷумла) – муҳимтарин унсури оҳанг аст. Наво дар забонҳои ғайрилаҳнӣ (ғайритонӣ), ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи онҳост, барои фарқ кунонидани воҳидҳои занҷирӣ (фонемаҳо) кам истифода мешавад. Ба туфайли имкониятҳои фаровонаш наво дар забон вазифаҳои зиёдеро адо мекунад. 1. Дар якҷоягӣ бо танфис яке аз воситаҳои асосии таҷзияи ҷараёни нутқ аст. Марзаи синтагмаҳо ба воситаи шикасти тарҳи умумии нав муайян карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани танфис наво дар алоҳидагӣ сарҳади синтагмаҳоро муайян мекунад: маҷлис//ба охир расид.
2. Наво яке аз воситаҳои асосии алоқаманд кардани қисматҳои гуногуни нутқ (фраза ва синтагмаҳо) мебошад. Мас., баландшавии наво дар интиҳои ин ё он синтагма (ё фраза) шоҳиди нотамомӣ ва алоқамандии ин синтагма (ё фраза) бо синтагма-фразаи баъдина низ мебошад: Анҷоми кор
– соати шаш. Китоб манбаи дониш аст. 3. Наво воситаи асосии фарқ кунонидани типҳои асосии мухобиротии ҷумла мебошад. Ҷумлаҳои:
Китобро хонд. Китобро хондӣ? китобро хон! таркиби якхелаи дастурию луғавӣ доранд (ба истиснои бандакҳои феълӣ), аммо ба туфайли гуногунии наво онҳо маъноҳои ахбор, пурсиш ва амрро ифода мекунанд.
4. Наво дар якҷоягӣ бо унсурҳои дигари оҳанг барои ифодаи муносибатҳои мантиқии ҷумла фарқ кунонидани хабари маълум ва ташкили маркази маъноию оҳангии ҷумла истифода мешавад: Падарам дирўз омад. Падарам дирўз омад. Падарам дирўз омад.
Назализатсия (аз фаронсавии nasal – димоғӣ, лот. Nasus – бинӣ) талаффузи овозҳои нутқ (бештар овозҳои садонок), ки дар натиҷаи пеши роҳи даҳонро гирифтани пардаи ком ва аз холигии даҳону димоғ хориҷ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо