Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

назар мерасад. Аз ин лиҳоз маъноҳои нави дар забон падидомадаро ба ду гурўҳ ҷудо кардан ба мақсад мувофиқ аст: а) Маъноҳои нав дар калимаҳои кўҳнаи тоҷикӣ ва б) Маъноҳои нав ҳамчун калкаи маъноӣ. Масалан, калимаи барқро бигирем, ки аслан арабӣ буда дар фарҳангҳо ба маънои 1. «ҳодисаи табиат (оташак, озарахш)» ва 2. маҷ. «дурахш, нур ва ҷило»
тафсир шудааст. Ҳоло он маънои нави «электрик»-ро гирифта, ба калимаи сермаъно табдил ёфтааст. Борик – вожаи аслан тоҷикист. Он дар луғатҳо ба тарики зер шарҳ ёфтааст: 1. «камбар». 2. «маҷ. нозук, мушкилфаҳм». 3.
«наҳиф, лоғар». 4. «камқутр, муқ. Ғафс». 5. «баланд, тез (оид ба овоз)»
(148, Ҷ. 1, 204; 147, Ҷ. 1, 231). Ба маънои «бодиққат, боназокат» он аз калима русии тонко (муқ. тонко глядеть, айн. борик назар кардан) калкаи маъноӣ мебошад. Таҳти мафҳуми наввожаҳои услубӣ-фардӣ чунин калимаҳое дар назар дошта мешаванд, ки онҳо ба тавассути нависанда ва ё шоире ба забони адабии тоҷикӣ дохил карда шудаанд. Чунин вожаҳо ғолибан аз қабатҳои гуфтугўйӣ, касбӣ ва монанди инҳо гирифта мешаванд, ё адиб онро дар қолаби маъмулии калимаи забони тоҷикӣ сохта, ба қабати луғати адабии забон ворид мекунад. Ба таври дигар, доираи истеъмоли чунин вожаҳо аз доираи осори муаллифашон берун баромада, мумкин аст, серистеъмол шаванд ва хоси забони адабӣ гарданд.
Дар ин раванд чунин наввожаҳое низ ҳастанд, ки соҳибмуаллифанд. Онҳо низ бо ҳамон роҳе, ки наввожаҳои услубӣ сохта мешаванд, зуҳур мекунанд, лекин доираи истеъмолашон танҳо дар ҳудуди асари муаллиф боқӣ мемонад. Забоншиноси маъруфи тоҷик, профессор Ш.Рустамов забони ашъори Лоиқ Шералиро таҳлил намуда, калимаҳои сохтаи шоирро ба ду гурўҳ ҷудо кардааст: 1) вожаҳое, ки ба аксарият ошноянд ва имкони ба вожаи умумихалқӣ табдил ёфтанро доранд (наввожаҳои услубӣ) ва 2) луғати хос ва шарҳталаби эҷодиёти худи Лоиқ (наввожаҳои услубӣ-фардӣ). Ба гурўҳи аввал – наввожаҳои услубӣ вожаҳои кўрмаҳтоб, намакҳаром, шеърборон, русто, ворун, чағона ва мисли инҳоро номбар мекунад:
Тирборон кардани мо кўшиши беҳуда аст,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо