Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Н
Наввожаҳо. Наввожаҳо чунин калимаҳое мебошанд, ки то як давраи муайян нав будани худро нигоҳ медоранд, баъд онҳо дар забон ё ҳал шуда умумиистеъмол мегарданд, ё дар забон мавқеи хос пайдо накарда, ҷои худро ба луғати ҳаммаънои дигари ба нормаи забон мутобиқ дода, худ батамом аз истеъмол хориҷ мешаванд. Омилҳои пайдо шудани луғати тозаро дар забон, пеш аз ҳама, дар болоравии шуури инсон ва вобаста ба он тараққиёти илму техника, ҳаёти маданӣ, хусусиятҳои ҷамъиятии мавҷудияти инсон ва дар дигар табаддулоти ҷамъиятию табиӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Наввожаҳоро аз лиҳози мансубияташон ба қабатҳои услубии забон ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: наввожаҳои умумизабонӣ ва услубӣ-фардӣ. Наввожаҳои забонӣ дар навбати худ низ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: луғавӣ ва маъноӣ. Калимаҳои дар забон ба тозагӣ пайдошударо наввожаҳои луғавӣ меноманд. Онҳо дар натиҷаи рушду такомули илму фарҳанг, пешравии техника ва навгониҳои ҳаёти ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадаанд. Калимаи нав ҳаргиз бо роҳи сунъӣ сохта намешавад, балки дар асоси қонуниятҳои мавҷудаи забон ба вуҷуд меояд.
Чунончи, калимаҳои арҷгузорӣ «эҳтиром овардан, қадршиносӣ», баррасӣ «таҳлил, таҳқиқ, тадқиқ», бунбаст «сарбаста, тупик; мушкилӣ», бунёдгароӣ «ҷараёни динӣ, ки тарафдорони он ба танқиди аҳкоми дин ва шак овардан ба он муқобиланд, фундаменталистӣ», вожа «калима, луғат», гумрукхона «хона ё бино аст барои боҷу андозгирӣ аз моли воридоту содиротӣ дар сарҳад», коршинос «мутахассиси хуби ягон соҳа, эксперт», овозхон «ҳунарманде, ки суруд мехонад, сароянда», раъйпурсӣ «пурсиши фикри халқ дар бораи воридкунии тағйирот ба Сарқонун ё дигар масъалаҳои муҳими давлати, референдум» ва луғати зиёди дигар солҳои 90-уми асри ХХ дар забони тоҷикӣ пайдо гардидаанд. Наввожаҳои маъноӣ гуфта калимаҳои дар забон мавҷудбудаеро мегўянд, ки онҳо маънои нави иловагиро касб кардаанд ва ё маънои пешинаашонро аз даст дода, ба маънои нав соҳиб шудаанд. Маъноҳо низ метавонанд калка шаванд, яъне ҳодисаи тарҷумашавии маъноҳо низ дар забони тоҷикӣ ба

пешина
аз 389
навбатӣ