Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ин корро ман маҳз барои халосии падарам кардам (Чор дарвеш).
Ҳангоми муроҷиат ё хитоб гўянда одатан пеш аз баёни матлаб мусоҳибро ном мегирад ва бо ин васила ўро ҳушдор медиҳад, ки пурсиш, нақлу ривоят ё амру хоҳиш ба вай тааллуқ дорад: – Муҳаббатҷон, ақаллан ту навиштани фамилияамонро ёд гир (Ҳ.К.). Мухотаб дар байн ё интиҳои ҷумла омада бошад, ягон ғараз ё эҳсосоти ниҳонии гўяндаро ифода мекунад: – Не, падар, беҳуда зўр назанед (Ҳ.К.). Мухотаб дар аввали ҷумла омада, бо эҳсосот хитобан гуфта шуда бошад, аломати хитоб, дар мавридҳои дигар ҳамеша аз аъзоҳои дигари ҷумла бо аломати вергул ҷудо карда мешавад: – Эй шермардон ва эй камарбастагони Шоҳимардон! Чӣ шавад, ки агар карам намоеду пештар оед, ки якчанд сухан дорем (Восифӣ). – Оча, акнун парво накунед, ба тухми босмачиҳо оташ задем (Ҳ.К.); Бишнав овози маро, мурғи саҳар, То ки аз рози дилам ёбӣ хабар (М.Т.). Мухотаб яке аз воситаҳои муҳими услубист, ки барои ифоданоку образнок, ифода намудани нутқ саҳми зиёд дорад; – Бачаҷонам, модарат гардад, ҷим шин. Эҳ, Олга, Олечка! Имрўз ман чунон шод, чунон сарбаланд ҳастам, ки тасаввур карда наметавонӣ! (Р.Ҷ.). Дар ифодаи тобишҳои гуногуни маъно ба мухотаб нидо низ ёрӣ мерасонад. Ўй мардум, нашунидам нагўед, босмачиҳо бо тадбири оқилонаи ман тамоман гурехтанд (С.А.). Мухотаб содаю тафсилӣ мешавад: – Оча, номатон чист?
– Бибироҳила (Р.Ҷ.). Фаҳмо, рафиқ лейтенанти калон! – даст ба чака бурд Бузургхон (Ҷ.О.). Мухотаб дар аввал, мобайн ва охири ҷумла омада метавонад. Дар аввали ҷумла: – Писарҷон, аз ту якчизро пурсам, хафа намешавӣ? (Ҷ.О.). Дар мобайни ҷумла: Дар ин кўҳ, Пўлод Қодирович, ин гуна хазинаҳо кам нестанд (Р.Ҷ.). Дар охири ҷумла: Ту ба ин фикри ман чӣ мегўӣ, Гул? (С.У.).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо