Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

кўҳнаварди мо тахминан панҷсад қадам боло рафт (С.А.). Бориши барф ба охир мерасид (Ф.М.); г) мубтадои чида. Дар ҷумлаи сода ду ва ё зиёда мубтадо бо ҳам алоқаи пайваст дошта, ба як хабар алоқаи синтаксисӣ дошта бошад, мубтадои чида меноманд: Камзаминҳо ва безаминҳо чоряккорӣ, ятимӣ ва ё ба ягон касби дигар машғулӣ менамуданд (С.А.); Хурду калон, пиру барно, тоҷику ўзбеку рус мерафтанд (Ҷ.И.). Мубтадо бештар дар аввали ҷумла меояд: Тўда бо шунидани ин фармон қадами худро тезтар карда рафтан гирифт (С.А.); Онҳо ба ошёнаи якум фуромада, аз толори васеъ гузаштанд (Ф.М.). Дар ҷумлаҳои бисёраъзо мубтадо пеш аз хабар низ ҷой мегирад: Дар берун ҳанўз шитир-шитир борон меборид.
Яке аз сабабҳои дар мобайни ҷумла ҷой гирифтани мубтадо дар ҷумла ҷой доштани ҳоли замон аст: Рўзи дуюму сеюм бачаҳо ба ў дигар унс гирифтанд (Ф.М.). Мубтадо дар охири ҷумла низ омада метавонад (бештар дар назм). Дар наср низ дар охири ҷумла меояд. Дар ин ҳолат задаи мантиқӣ ба мубтадо меафтад ва он таъкид мегардад: Ҳамин тавр ё тақрибан ҳамин тавр гуфтугў доштанд он бегоҳ модару писар (С.У.).
Мунҳариф منحرف. Ин истилоҳ барои тавсифи ҳар навъ талаффуз, вожа ё сохтори ҷумла,ки бо هنجارهای забон انطباق надошта бошад, бакор меравад. Ҳанҷор метавонад гунаи истондорд (ё меъёри) забон бошад ва метавонад бар мабнои забони гуфтугўӣ як гурўҳи иҷтимоӣ дорои мавқеияти боло бошад. Намунаи ҷумлае, ки дар муқоиса бо инглисии истондорд (меъёр) мунҳариф ба ҳисоб меравад I sen him мебошад, ки ба ҷойи I saw him бакор рафтааст. Манбаъ барои мутолиа: Bailey – Gorlach 1982.
Мухотаб. Мухотаб калимаи арабӣ буда, маънояш шахси муроҷиатшуда аст. Мухотаб чун воҳиди иловагии ҷумла бо сараъзою аъзоҳои пайрави ҷумла муносибати синтаксисӣ надорад. Мухотаб ба тамоми ҷумла ва ё ягон аъзои он муносибати мантиқӣ дорад. Мухотаб бо калима ё ибораҳое, ки шахс ва сифатҳои неку бади ўро ифода мекунанд, бо нидоҳои муроҷиат ва даъват ё бидуни онҳо ифода меёбад: – Эй некрой, ин чӣ амали қабеҳ буд, ки аз ту дар вуҷуд омад? (Чор дарвеш). – Эй модар!

пешина
аз 389
навбатӣ