Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

садаф барин сафед» гўем, аломати «садаф барин» ба воситаи аломати дигаре (сафед) ба мубтадо муносибати маъноӣ пайдо мекунад. Аломатҳои грамматикии мубтадо инҳоянд: а) аз рўйи шаху шумора хабар ба он мувофиқат мекунад; б) бо пешоянду пасояндҳо таркиб намеёбад.
Мубтадои номӣ низ ду тарзи ифода дорад. Калимаҳои ҷудогона, ки ба ҳиссаҳои номии нутқ тааллуқ доранд, ба вазифаи мубтадо меоянд. Бо ибора ифода ёфтани мубтадои номӣ низ дар забони тоҷикӣ мушоҳида мешавад: а) дар ифодаи муносибати ҷузъиёт таркибҳои «яке аз…», «кадоме аз…», «чанде аз» бо исми ҷамъ омада, дар якҷоягӣ вазифаи мубтадоро иҷро мекунанд: Яке аз чўпонбачагон ба пирамард наздик шуд (С.А.); Касе аз байни мо ба дасти соҳиби боғ афтад, ҳар илоҷе карда ўро ман халос карда мегирифтам (Ҳ.К.); б) дар ифодаи ҷамъ шумора, зарфҳои миқдору дараҷа, ҷонишинҳои таъинӣ бо исм ва калимаҳои дигари мафҳуми предметдошта омада, мубтадо мешаванд: Дар маҳаллаи мо якчанд ҳавлии вайрона буд; Гандум, ҷав, арзон, ҷувориро аксари деҳқонон дар тоқиҳо баркашида мекоранд (С.У.); в) дар ифодаи камӣ ё зиёдӣ таркибҳои бештар аз…, камтар аз… бо ибораи исмӣ омада, вазифаи мубтадоро адо мекунанд: Бештар аз сад нафар саворон саф ороста буданд; г) ҷонишинҳои таъинии ҳар бо шумораҳои миқдорӣ як таркибро ташкил намуда, дар ифодаи маънои ҳамроҳӣ мубтадо шуда меояд: Ҳар дуямон аз хона баромадем (С.У.); д) бо воҳидҳои фразеологӣ ифода ёфтани мубтадо низ дида мешавад. Мубтадо аз ҷиҳати сохт сода, таркибӣ ва тафсилӣ мешавад: а) мубтадои сода маъмулан бо як калимаи мустақилмаъно ифода меёбад: Мардум айб мекунанд (Ҷ.О.). Модараш ба ў бо табассуми маҳзунона менигарист (Ҷ.О); б) мубтадои таркибӣ - ду калимаи ҷудогона як мафҳумро ифода намуда, ба вазифаи мубтадо ояд, мубтадои таркибист:
Муддате ҳар ду хомўш монданд (Ф.М.). Ҳар кас бо кори худ машғул шуд.
(Ҷ.О.); в) мубтадои тафсилӣ аз ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаъно таркиб ёфтааст. Ба вазифаи мубтадо ибораҳои изофӣ, беизофа ва ё омехта омада метавонанд. Дар таркиби ин гуна мубтадоҳо муайянкунанда, пуркунанда ва ҳол ҷой дошта метавонад: Равандаи танҳогард ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо