Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бевосита ифода накарда, ба ашёи дигаре, ки аз он сохта ё дўхта шудааст (кати чўбин, нони ҷавин), ба макон (бузи кўҳӣ, вазифаи хонагӣ), ба замон (кишти баҳорӣ, таътили тобистона), таъинот (либоси занона, деги маърака) нисбат медиҳад. Муайянкунандаҳои нисбӣ ба сифатҳои нисбӣ (дарвозаи оҳанин), шумораи тартибӣ (қадами якум) ва баъзе исмҳо (нони гандум, рўймоли фаранг) ифода мегарданд. Муайянкунандаҳои сифати феълӣ аломатро пайваста ба амалу ҳолат ифода мекунанд. Онҳо ба замон далолат мекунанд: мусофирони рафта (-гӣ) – замони гузашта, …
мерафтагӣ – ҳозира-оянда, … рафтаистода (-гӣ) – ҳозираи давомдор. Ба тарзҳои фоилу мафъул, намудҳои мутлақу давомдор далолат мекунанд:
донишҷўйи ҷўянда, либоси дўхтагӣ (дўхташуда); гулҳои шукуфта – …
шукуфтаистода. Муайянкуандаҳои соҳибӣ муносибатҳои маъноии зеринро ифода мекунанд: 1. Соҳибият: либоси падарам, Рахши Рустам. 2.
Мансубият: талабаи мактаб, аъзои ҳизб. 3. Дороӣ: пиёлаи чой, сатили об, деги ош. 4. Муносибати хешутаборӣ: модари Сўҳроб, бародари модарам.
5. Муносибати ҷузъ ва кулл: заводи хишт, корди ош. 6. Таъинот: корди ош, заводи хишт, хонаи хоб. 7. Муносибати замон: ташвиши зимистон.
Кори шаб – хандаи рўз (Зарб). 8. Муносибати макон: кори саҳро, сайри гулзор, нони Самарқанд. 9. Муносибати фоилӣ (субъект): насиҳати падар, чаҳ-чаҳи булбул. 10. Муносибати мафъулӣ (объект): мутолиаи китоб, дидани дидор. Муайянкунандаҳои беизофа бо алоқаи ҳамроҳӣ ба муайяншаванда тобеъ гардида, пеш аз он меоянд. Онҳо бештар бо шумораҳои миқдорӣ, зарфҳои миқдор, ҷонишинҳои ишоратӣ, таъинӣ, номуайянӣ ифода меёбанд: ду бародар, даҳ нафар донишҷў, чил гектар замин, чунин зиндагӣ, ин гуна одам, ҳама коргарон, ким-кадом чўпон.
Мубтадо - яке аз араъзоҳои ҷумла буда, ба чунин предмет далолат мекунад, ки амал, ҳолат ва аломати хабар бо тобишҳои гуногуни модалӣ дар замону шахси муайян ба он нисбат дода мешавад. Маънои мубтадо бо ду роҳ эзоҳ меёбад: бевосита (бештар хабар ва муайянкунанда) ва бо ёрии аъзои дигаре (бештар хабар): Дар ҷумлаи «дандонҳояш садаф барин»
аломат бевосита ба соҳиби аломат нисбат дода мешавад, «Дандонҳояш

пешина
аз 389
навбатӣ