Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

изофаро аз лиҳози муносибати маъноии муайянкунанда бо муайяншаванда ба гурўҳҳои муайянкунандаи изофии аломат ва соҳибият ҷудо менамоянд. Муайянкунандаҳои изофии аломат муайяншавандаро аз ҷиҳати аломату хусусият эзоҳ дода, бо саволҳои Чӣ гуна?, Чӣ хел?, Кадом?, Чандум? ҷавоб мешавад, муайянкунандаҳои изофии соҳибият маъноҳои соҳибӣ, мансубиятро фаҳмонда, ба саволҳои Кӣ (киҳо)? ва Чӣ (чиҳо) ҷавб мешавад: Як дам ҳавои борон, Як дам чароғи тобон, Обу ҳавои найсон Феъли занона дорад (Бозор Собир). Дар ибораҳои дашти васеъ, одами зирак, духтари куртаиатласпўш, асри бисту якум сифатҳои васеъ, зирак, куртаиатласпўш ва шумораи тартибии бисту якум ба саволҳои Чӣ гуна?, Кадом? Ва Чандум? ҷавоб мешаванд ва ба вазифаи муайянкунандаи аломату чигунагӣ омадаанд. Муайянкунандаи аломат бо сифат (ҳавои гарм), сифати феълӣ (роҳи тайшуда, ҳар каси ҷўянда, меҳмонони меомадагӣ, суханони шуниданӣ), шумораи тартибӣ (фарзанди сеюм) ва баъзе исмҳо (нони гандум, ситораи тилло, деги мис, куртаи атлас) ифода мешаванд. Муайянкунандаи изофии соҳибият бо исм, ҷонишинҳои ифодакунандаи мафҳумҳои шахс ва ашё, масдар ва ҳиссаҳои дигари исмгардида ифода мешавад: китоби донишҷў, барги гул, дўсти мо, сухани ҳар кӣ, орзуи дидан, саволи хонанда. Муайянкунандаи аломат бо алоқаҳои ҳамроҳӣ ва вобастагӣ калимаи дигареро ба худ тобеъ мекунад (манзараҳои басо дилфиреб, кори ба гуфтан осон, чеҳраи гул барин зебо.
Муайянкунандаи соҳибӣ бо алоқаи изофӣ ҳам муайянкунандаи дигарро ба худ тобеъ карда метавонад – бўйи гули садбарг – бўйи гули садбарги сурх. Муайянкунандаҳои соҳибӣ, аломат дар шакли ҷамъ низ омада метавонанд: меҳнати талаба – меҳнати талабагон; раҳбари ҷавон – раҳбари ҷавонон. Муайянкунандаҳои изофии аломат аз ҷиҳати маъно, вазифа, тарзи ифода ба се навъ: муайянкунандаҳои аломати тавсифӣ, нисбӣ ва сифати феълӣ ҷудо мешаванд. Муайянкунандаҳои тавсифӣ аломату хусусияти аслии ашёро (ранг, бўй, таъм, ҳаҷм ва м.и.) фаҳмонда бо сифатҳои аслӣ ифода мешаванд: абри сиёҳ, анори ширин, роҳи дур, марди шуҷоъ. Муайянкунандаҳои нисбӣ аломати муайяншавандаро

пешина
аз 389
навбатӣ