Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

воҳидҳои забонӣ (чор//чаҳор, растанӣ//рустанӣ, испед//сафед) ва тарзҳои синонимии ифодаҳоро низ дар назар дорад (истиқбол гирифтан//пешвоз гирифтан). Маъмулан дар таърихи забонҳои адабӣ меъёрҳои забони хаттӣ дар қиёси забони овозӣ пештар ташаккул меёбад. Барои бештарини забонҳои адабии муосир тамоюли наздикшавии забони адабии хаттӣ бо меъёрҳои нутқи гуфтугўӣ мушоҳида мешавад. Мафҳуми меъёр, ки дар амалияи забонӣ ва амалияи меъёррезӣ танҳо дар забоншиносии асри 20 аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда шуд ва дар забоншиносии умумию маданияти нутқ, дар назария ва таърихи забонҳои адабӣ мавриди баррасию омўзиш қарор гирифт.
Микротопоним – номи мавзеи хурди табииву ҷуғрофӣ ва ё аз ҷониби инсон сохташудае мебошад, ки соҳаи маҳдуди истифодаро молик аст. Дар ҳудуди хурд истифода шуда, ба гурўҳи маҳдуди одамон маълум аст, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ маскунанд, аз ҷумла микротопоним, микроойконим, микроороним, номи саҳрою даштҳои хурд, пулҳо, айлоқҳо. Ба микротопонимҳо бештар номҳои мавзеъҳои хурди ҷуғрофӣ ва ё нисбатан маҳдуди ҷуғрофиро мансуб медонанд, аз қабили рўд, наҳр, дарёча, ботлоқзорҳо, марғзор, саҳро, майдону дашт, деҳаи хурд, кўча.
Муайянкунанда. Аъзои пайраве, ки шахс ё ашёи муайяншавандаро аз ҷиҳати аломатҳои зоҳириву ботинӣ ва соҳибият эзоҳ медиҳад, муайянкунанда номида мешавад. Муайянкунанда бо тарзу воситаҳои гуногун ба муайяншаванда алоқаманд мегардад. Алоқаи тобеи изофӣ муҳимтарини алоқаи наҳвии муайянкунанда бо муайяншаванда мебошад, ки воситаи асосии грамматикии ифодаи он бандаки изофӣ (-и).
Муайянкунандаҳоро аз ҷиҳати тарзу воситаҳои алоқаи грамматикӣ ба изофию беизофа ҷудо мекунанд: Ин лолазори гулҷўш Сурхида то баногўш… (Бозор Собир); Аз дўсти нодон душмани доно беҳ (Зарбулмасал). Дар ибораҳои роҳати ҷон, дўсти нодон, душмани доно – исми ҷон ва сифатҳои доно ва нодон ба вазифаи муайянкунандаҳои изофӣ; дар ҳазор дўст, як душман, нимта нон шумораҳои ҳазор, як, нимта дар вазифаи муайянкунандаҳои беизофа омадаанд. Муайянкунандаҳои

пешина
аз 389
навбатӣ