Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ва дар заминаи он методи тасвирии фонология, морфология ва таҳлили сатҳӣ-элементариро ба вуҷуд овард.
Меъёрҳои забонӣ. Аломатҳои нутқи фасеҳ: нутқи дуруст, нутқи дақиқ, нутқи бамантиқ, нутқи муассир ва нутқи муносибу бамаврид аз меъёрҳои забонӣ ва услубӣ сарчашма мегиранд ва ба ин ҷиҳат, онҳо ба қоидаҳои талаффуз (орфоэпия), қоидаҳои корбурди калимот, сарфу наҳв, имло ва аломатҳои китобат, ки писанди умуми аҳли савод буда, дар луғатномаҳо ва дастурҳои забон сабт ёфтаанд, вобастагии қавӣ доранд.
Аз ин рў, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва услубиёти он муҳимтарин шарти нутқи дуруст, нутқи беғалат ба шумор меравад. Дар системаи меъёри адабӣ ду ҷиҳати муҳим дар ҳолати мухолифи ҳам амал мекунад.
Аз як сў, ҳифзи анъана ва вайронпазирии муоширати забонии аҳли ҷомеъ тақозо менамояд, ки меъёр то ҳадди имкон бардавом ва побарҷо бошад, забони адабии тоҷикӣ меъёрҳои қадими худро бо каме тағйир аз асрҳои IX–X то кунун нигаҳ медорад. Бо ин ҳама меъёри адабӣ падидаи абадӣ ва тағйирнопазир нест. Забон рўйдоди ҷамъиятист ва аз ин рў, бо оҳистагӣ ҳам бошад, вобаста ба пешрафти ҷамъият беист такмил меёбад ва ҳамеша моили он аст, ки бо ривоҷи муттасили ҷамъият мусоидат намояд. Меъёри забонӣ маҷмўи амалӣ сохтани системаи забонии ба таври устувор ташаккулёфтааст, ки дар ҷараёни алоқаю робитаи ҷамъиятӣ устувор гардидааст. Меъёр хосияти ҷудонопазир дар ҳамаи марҳалаҳои инкишофи забон мебошад. Меъёр ҳамзамон категорияи лингвистию иҷтимоист. Ҷиҳати иҷтимоии меъёри забонӣ на танҳо дар интихобу муқаррар намудани падидаҳои забонӣ, балки дар системаи баҳодиҳии онҳо низ зоҳир мешавад («бамаврид» - «бемаврид», «дуруст» - «нодуруст»). Хосияти меъёрии забон дорои ду тарзи зоҳиршавист. Меъёр ҳамчун маҷмўи лексемаҳо, калимашаклҳо, қолабҳои забонӣ ва меъёр ҳамчун маҷмўи тамоюли интихоб ва қоидаҳои истифодаи воситаҳои забонӣ. Мафҳуми собитии меъёр дорои аломатҳои зайл аст: имкони маҳдуд кардани баъзе ноустуворӣ ва гунаҳо; якрангии нисбии территориявии меъёр. Меъёри адабӣ дар баъзе мавридҳо гунанокии

пешина
аз 389
навбатӣ