Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

навиштани калимаҳои тарҷуманопазири забони бегона (хориҷӣ) ба ягон алифбои миллат навишти исмҳои хоси хориҷӣ, ному насабҳо, номҳои ҷуғрофиёӣ. Талаботи асосии чунин транскрипсия ба талаффузи аслии калимаҳои хориҷӣ наздик шудан аст. Транскрипсияи амалӣ дар матбуот, харитаҳои географӣ, адабиёти махсуси илмӣ истифода мешавад.
Транслитератсия (аз лот. trans – байни, ба воситаи ва litera – ҳарф), ҳарфнавишт – аз як алифбо ба алифбои дигар (масалан, аз алифбои арабӣ ба тоҷикӣ) баргардонидани матнро гўянд. Масалан, калимаҳои ҳуруфоти арабии در، دانش، شکل др, донш, шкл транскрипсия мешаванд. Дар транслитератсия бағайр аз аломатҳои ин ё он алифбои миллӣ, аломатҳои махсуси диакритикӣ истифода мешаванд. Транскрипсия вобаста ба хусусиятҳои ҷудогонаи забонҳо баъзе душвориҳо дорад. Масалан, баъзе калимаҳоро аз алифбое ба алифбое (масалан, транслитератсияи калимаҳои Садриддин, Одина, Москва бо ҳарфҳои лотинӣ Sadriddin, Odina, Moskva) гардондан чандон душвор нест, вале транскрипсияи калимаҳои Дохунда, Исҳоқӣ (Dokhunda, Ishoqi) душвортар аст. Аз ин рў, ҷое, ки татбиқи транслитератсия имкон надорад, ё ғараз аз баргардонидани калима инъикоси тарзи талаффузи он бошад, аз транскрипсияи амалӣ истифода мекунанд. Дар транслитератсия ба ғайр аз аломатҳои ин ё он забон алифбои миллӣ, аломатҳои махсуси диакритикӣ низ истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор