Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

такрорнашавандааш фарқ мекунад, ки танҳо дар муқоиса бо дигар забонҳо ошкор мегардад; а) муқоиса дар баъзе забонҳо хешигарӣ – аз як сарчашма пайдо шуданро муқаррар менамояд (забони мавҷуда ё аз байн рафта). Дар асоси ин забонҳоро ба гурўҳҳо, ба оилаи забонҳо, чунони, забонҳои славянӣ, романӣ, германӣ, балтикӣ, эронӣ ҷудо мекунанд; б) тафовути хешигарии забонҳоро танҳо тавассути инкишофи пайдарпайи онҳо шарҳ додан мумкин аст, ки хосияти муҳимтарини забон аст; в) дар ҷараёни инкишоф овозҳои нутқ, дар қиёси унсурҳои дигари забон бештару тезтар ба тағйирот дучор мешаванд. Дигаргунию забонҳои ҳинду аврупоӣ таҳаввули овозҳои нутқ дар доираи як оилаи забонҳо мутобиқи қонун аст ва онҳоро дар шакли қонунҳои фонетикӣ ташреҳбандӣ кардан мумкин аст. Решаи калимаҳо ва флексия (бо назардошти қонунҳои овозӣ) одатан дар тўли ҳазорсолаҳо устувор аст, ки барои муқаррар намудани архетипҳои ин унсурҳои забон имкон медиҳад. Методи муқоисавию таърихӣ инкишофу такмил меёбад ва тадриҷан ба ҷуз фонетика ва морфология тадриҷан синтаксису семантикаро низ дар бар мегирад.
Методи тасвирӣ. Ин метод яке аз қадимтарин ва ҳамзамон методи муосири забоншиносӣ мебошад. Грамматикаҳои бостонии хитоӣ, ҳиндӣ ва юнонӣ дар асоси ҳамин метод таҳия гардидаанд. Системаи тарзу усулҳое, ки ин ё он ҳодисаи ҳозираи забонро муайян мекунад, методи тасвирист. Вобаста ба мавзўи тадқиқ калима ва ҷумлаҳои ҷудогона аз матн ҷудо карда мешаванд. Сипас калима ва ҷумлаҳои интихобшуда мувофиқи мавзўю мундариҷаашон тасниф карда мешаванд. Дар марҳилаи сеюм маводи ҷудокардашуда мавриди таҳлил қарор мегирад. Ду навъи таҳлил мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад: категориявӣ (якҷоякунӣ) ва дискретӣ (ҷудокунӣ). Ба намуди аввал унсурҳои мавриди тадқиқ бояд мансуби як категорияи забонӣ бошанд. Масалан, фонемаҳои а, и, э, о, у, ў аз ҷиҳати тавлидию физикӣ (акустикӣ) аз ҳамдигар фарқ мекунанд, аммо аз ҷиҳати тарзи талаффуз (ба монеа дучор намудан) ба як гурўҳ – садонокҳо дохил мешаванд. Ё ки пасвандҳои зор-, -истон, -гоҳ, -шан калимаҳои гуногун месозанд, аммо ба як гурўҳ дохил мешаванд, зеро

пешина
аз 389
навбатӣ