Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муҷаррад робитаи қиёфаи овозии калимаҳоро бо предмету ҳодисаҳо алоқаманд мекунанд. Маъноҳои луғавии калимаҳоро ба озоду устувор ҷудо мекунанд. Дар маънои озод калима имконияти бештари зоҳиршавӣ дошта, бо калимаҳои дигар ҳамнишин мешавад. Маъноҳои мафҳумӣ, эҳсосотӣ, модалӣ ва ишоратӣ аз ҷумлаи маъноҳои озоди луғавианд. Дар маъноҳои мафҳумии калима мавридҳои истеъмолии он сабт шудааст.
Чунончи, дар калимаҳои посбон, дидбон, муҳофиз маъноҳои ифодашуда бошад ҳам, калимаи аввал (посбон) умумиистеъмолӣ буда, дуюмӣ гуфтугўӣ ва сеюмӣ хоси услуби хаттист. Маъноъҳои луғавии эҳсосотӣ бидуни олоиши унсури мафҳумӣ низ зоҳир мешавад. Дар калимаҳои амсоли аҳсан, ҳайф, ҳайҳот, сабил, зормонда, шайтон, хаппак ифодагари маъноҳои эҳсосоианд. Маъноҳои луғавии модалӣ аз ифодаҳои гуногуни грамматикӣ фарқ карда, ба тариқи холис низ зоҳир мегарданд: кошкӣ, илоҳӣ, мабодо, эҳтимол, шояд, бояд, канӣ, охир, оқипадар, осӣ ва м.и.
Маъноҳои вобастаи фразеологӣ. Ин гуна маъноҳо бо доираи маҳдуди истеъмоли худ фарқ мекунанд. Чунончи, калимаи шўр ба маънои «олудаи намаки минералӣ» дар ибораи изофии замини шўр; курсӣ ба маънои «паҳлуӣ» дар ибораи дандони курсӣ аз ҷумлаи чунин маъноҳоянд.
Метод (аз юн. méthadas – тариқи таҳқиқ) дар забоншиносӣ – маҷмўи нишондоду дастурҳои назариявӣ, усулу тарзи таҳқиқи забон, ки бо назарияи мушаххаси забоншиносӣ ва методологияи умумӣ алоқаманданд.
Ҳар як метод дар ин ё он соҳаи забоншиносӣ истифода мешавад. Чунончи, ҷиҳати таърихии забон дар забоншиносии муқоисавию таърихӣ, ҷиҳати сохтории забон дар забоншиносии сохторӣ, механизмҳои пуртаҳрик дар грамматикаҳо. Ба ин маънӣ усулу методи таҳқиқро мавзўю предмети омўзиш муайян мекунад.
Методи муқоисавию таърихӣ нахустметоди забоншиносист, ки дар оғози асри 19 дар заминаи асарҳои Р.К.Раск, Ф.Бопп, Я.Гримм, А.Х.Востоков ҳамчун методи ҷомеъ ба вуҷуд омад. Ин метод ба назарияи забоншиносии муқоисавию таърихӣ мутобиқат дорад. Муқаррароти методи муқоисавию таърихӣ: ҳар як забон бо хосиятҳои

пешина
аз 389
навбатӣ