Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ҳамаи онҳо исмҳои макон месозанд. Воҳидҳои нисбатан калонтар ба гурўҳ ва зергурўҳҳои хурдтар ҷудо карда мешаванд. Ҳиссаҳои номии нутқ ба исму сифату шумораю ҷонишин ҷудо мешаванд. Ҷумлаҳои мураккаб ба пайвасту тобеъ, ҷумлаҳои содаи яктаркиба ба феълию номӣ ва ҷумлаҳои содаи яктаркибаи феълӣ ба муайяншахсу умумишахсу бешахс ҷудо карда мешаванд. Ду намуди методи тасвириро фарқ мекунанд: усули шарҳи беруна ва усули иҷтимоӣ (сотсиологӣ).
Методикаи дистрибутивӣ. Воҳидҳои забон дар матн паиҳам ҷой мегиранд. Бо ёрии методикаи дистрибутивӣ доираи воҳидҳои забонӣ ва матни онҳо омўхта мешавад. Яке аз усулҳои методикаи дистрибутивӣ бо ҳам алоқамандона истифода шудани (омадани) калимаҳост. Дар ин маврид муносибати калимаи асосию тобеъ ба эътибор гирифта мешавад.
Доираи воҳидҳои забонӣ ва матни онҳо омўхта мешавад. Бо ҳам алоқамандона омадани калимаҳо яке аз усулҳои методикаи дистрибутивӣ мебошад. Дар ин маврид муносибати калимаи асосию тобеъ ба назар гирифта мешавад. Масалан, феъли омадан бо калимаҳои имрўз (омад), тез (омад), аспакӣ (омад) ва таркибҳои бо рафиқ (бо рафиқаш омад), ба хона (омад) алоқаманд шуда метавонад, вале бо калима шакли китобро омада наметавонад, чунки феъли монда аст. Намуду анвои матн низ ба воҳидҳои забон таъсир мерасонад. Масалан, ибораи рехтаи «дандон ба дандон мондан»-ро дар ҳама гуна матн овардан мумкин нест. Ҳамин тавр, яке аз роҳҳои ифодаи методикаи дистрибутивӣ иҳотаи воҳидҳои забон нисбат ба якдигар аст. Имконияту дараҷаи алоқамандии ин ё он калима бо калимаҳои дигар вобаста ба васеъ будани маънои калима ва ҷумла мебошад.
Методҳои ономастикӣ – восита ва усулҳои дарк ва таҳқиқи зуҳуроту падидаҳо дар соҳаи ономастика. Дар ономастика методҳои лингвистӣ ё усулҳои забоншиносӣ истифода мешаванд. Баъзан шартан хусусиятҳои мавод ва ҷараёнҳоро ба эътибор гирифта, махсусгардонии ин методҳоро мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамчунин методҳои ҷанбаи умумиилмӣ дошта низ истифода мегардад: таҳлил, таҷзия, муқоиса, таълим. Илова

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо