Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

он ҷамъ басташуда ба исми хос гузаштаанд: Оҳангарон (дар Ўзбекистон), Қубодиён, Мехчагарон, Намодгарон (дар Бухоро).
Категорияи ягонагӣ (категорияи танҳо). Маънои вандҳои калимасоз, амсоли пасвандҳои русии -ин (армянин, грузин), -ёнок (ципленок), ки ба ин далолат мекунад, ки предмет и бо ин ё он калима ифодашаванда ҳамчун воҳиди ягона тасаввур карда мешавад.
Категорияҳои ғайрипредикативии феъл. Категорияҳои намуд (мутлақу давомдор), тарз (фоилӣ ва мафъулӣ).
Кириллитса – яке аз ду алифбои қадимтарини славянӣ, ки бо номи Кирилл алоқаманд аст ва бунёди асоси алифбоии муасирро ташкил медиҳад. Ҳарфҳои кириллитса нисбат ба глаголитса оддитар буда, дақиқу равшантаранд. Хати славянии қадим дар сарзамини Рус асрҳои X-XI паҳн мешавад ва то асри XVI истифода гардида, пас аз нашри китоби аввалин ба тағйирот дучор мешавад. Баъд аз реформаи Петри 1 дар заминаи кириллитса алифбои шаҳрвандӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки он барои алифбоҳои сербӣ, булғорӣ, украинӣ ва белорусӣ низ замина мегузорад.
Клише (фр. Cliché – нақш). 1. Нақши нутқ, ки чун воситаи намунаю нусхаи зуд дарҷшавандаи матн истифода бурда мешавад. Он хоси матбуоти даврӣ буда, дар порчаҳои ҷудогона фулузӣ аз рўи акси мавҷуда омода карда мешавад. 2. Мўҳр; ифода ва таъбирҳои кўҳнаи забонзад, ки дар нутқ ғайриихтиёр роҳ меёбанд: чор тарафат қибла…, асп барин бардам…, як себи дукафон.
Ком. Дар холигии даҳон узви аз ҳама мутаҳарриктари забон аст.
Марзи болоии холигии даҳон ком аст. Комро дар фонетика шартан ба ду қисм ҷудо мекунанд: а) коми сахт ва б) коми нарм. Коми сахт аз милкҳои дандонҳо сар шуда, баробари дандонҳои курсии охирин тамом мешавад.
Коми нарм пас аз коми сахт сар шуда бо забонча ба охир мерасад.
Коммуникатсия (лот. Communication – алоқа, муносибат). Тавассути забон хабар расондан, ба ҳамсўҳбати худ баён кардани фикру мулоҳиза.
Конверсия (лот. Conversion – тағйирёбӣ, табдилёбӣ). Бидуни тағйироти фонетикию морфологӣ аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигари нутқ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо