Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гузаштани калима. Масалан, дар забони тоҷикӣ бештар сифату шумора, асосҳои феъл ба исм гузаштаанд: Хурду калон ва пиру ҷавони гузари Ҳоҷи-махдум… равон шуданд (С.А.). Донишмандон ба ду гурўҳ тақсим шуданд (Ф.М.). Даромади имоматӣ бозёфти барзиёд (С.А.).
Коннотатсия (лот. Cum-cjn якҷоя бо + nature – зикр, ифода, қайд кардан). 1. Маънои иловагӣ, тобишҳои иловагии маъноӣ ё услубие, ки ба маънои асосии калима зам шуда, барои ифодаи ҷилоҳои эҳсосию экспрессивӣ истифода мешаванд. 2. Маъно ҳамчун инвариант бар хилофи денотатсия.
Консонантизм (лот. con sonans – ҳамсадо). Низоми (системаи) ҳамсадоҳои ин ё он забон. Аз consonant – овозе, ки қобилияти ҳиҷосозӣ надорад.
Конструксия. Воҳидҳои яклухти синтаксисие, ки мутаносибан дар асоси хосиятҳои муайяни грамматикӣ ба ҳамдигар пайвасту алоқаманд мешаванд.
Конструксияи мураккаби синтаксисӣ. 1. Ҷумлаҳои мураккаби омехта: ҷумлаҳои мураккабе, ки дар байни ҷузъҳои онҳо алоқаи тобею пайваст ҳаст. 2. Ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба. 3. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобее, ки пайравҳои бе пайвандак ва бо пайвандак тобеъшуда доранд. Одатан ҳар вақт дар он роҳ ҳаракати мошинҳо ва аспу аробаҳо бошад ҳам, имрўз вай бинобар бориши ҳавои тирамоҳ камтараддуд аст, фақат гоҳ-гоҳе оби кўлмакҳоро шатарросзанон мошини сабукраве ё боркаши брезентпўше мегузарад ё ки аробаи чорчархае тарақ-туруқкунон пайдо шуда, боз дар қаъри туман ғоиб мешавад (С.У.).
Конструксияи синтаксисӣ. Ифодаи томи синтаксисие, ки дорои воҳидҳои забонии устуворгаштаанд: конструксияи феъли ҳол (ибораи феъли ҳол); конструксияи сифати феълӣ (ибораи сифати феълӣ); конструксияи масдарӣ (ибораи масдарӣ).
Контаминатсия (аз лот. contamination – омезиш) – муттаҳид (якҷоя) кардани (омезиши) унсурҳои сохтории ду воҳиди забонӣ дар заминаи шабоҳату умумияти қаробати функсионалӣ ё маънои онҳо. Дар натиҷаи

пешина
аз 389
навбатӣ