Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Категорияи ҷуфт. Маънои умумии 2 предмет ё предмети дугона (предмети иборат аз 2 ҷузъ), ки аз ҷиҳати пайдоиш бо шумораи дугона алоқаманд аст: □ Русии глаза, колени, штани, брюки, ложжи. Дар забони тоҷикӣ баъзе исмҳо дар шакли танҳо маънои дугона – ҷуфтро низ ифода мекунанд: мўза, шим, маҳсӣ, калўш, даст, пой, абрў.
Категорияи шахс (ниг.: шахс дар феъл).
Категорияи шумора дар исм. Категорияи шумораи исм аломати барҷастаи грамматикист, ки онро аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарқ мекунонад.
Исмҳо ду шумора доранд: шумораи танҳо ва шумораи ҷамъ. Шумораи танҳо якто будани предметро далолат мекунад. Баъзан исмҳо дар шакли танҳо маънои бисёриро ифода мекунанд, зеро номи исмҳои ғайришахс номи умумии предметҳои ҳамҷинсанд: Говон алаф мехўрданд. Барги дарахтон хазон шуда буд. Шумораи ҷамъи исмҳо ба предмети бештар аз ду предмети ҳамҷинс далолат мекунад. Пасвандҳои ҷамъбандӣ морфемаи аз исм алоҳидае мебошанд, ки бо ёрии онҳо шумораи (шакли) ҷамъи исмҳо шакл мегирад: сангҳо, ҷўйҳо, говон, аспон. Исмҳои забони тоҷикӣ бо ёрии пасвандҳои -ҳо, -он ва гунаҳояш (-ён, -вон, -гон) ҷамъ баста мешаванд. Бо ёрии пасванди -ҳо ҳамаи исмҳо ҷамъ баста мешаванд: шаҳрҳо, дарёҳо, одамҳо, кишварҳо, ангуштҳо. Доира ва ҳудуди вазифаи грамматикии пасванди -он (-ён, -вон, -гон) дар қиёси пасванди -ҳо маҳдудтар аст. Ин пасванд бештар исмҳои шахсро ҷамъ мебандад: ғуломон, ятимон, батракон ва безаминони пештара… бо зану бачагонашон ба он ҷо кўчида баромада буданд (С.А.). Ин пасванд дар таркиби калимаҳои амсоли бомдодон, саҳаргоҳон, пагоҳон, баҳорон, чароғон вазифаи калимасозиро адо намудааст. Бо ёрии пасванди -ён исмҳое, ки бо садонокҳои о, у, и тамом мешаванд, шакли ҷамъ мегиранд: ҳиндуён, бобоён, Сомониён. Бо ёрии пасванди -гон исмҳои шахсу ҷондоре, ки бо садоноки а тамом шудаанд, ҷамъ баста мешаванд: Ба ман аз бачагон дида баррагон ва бузғолагони навзод ҳунармандтар намуданд… (С.А.). Бо ёрии пасванди - вон танҳо якчанд калимае, ки бо садоноки у тамом мешавад, ҷамъ баста мешаванд: бозувон, абрўвон, гесўвон, оҳувон. Баъзе исмҳои бо пасванди -

пешина
аз 389
навбатӣ