Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

- Категорияи ретроспексия – категорияи проспексия.
- Категорияи иттилоъдиҳӣ – категорияи маърифатпазирӣ.
Категорияи мафҳум (категорияи ғайризабонӣ). Маънии ғайримушаххасу умумие, ки дар забон дорои ин ё он ифода мебошад:
категорияи муҷаррад, категорияи моддӣ (шайъӣ), категорияи шахс, категорияи ҷомеъ, категорияи модалӣ, категорияи предметӣ, категорияи хурдӣ ё камӣ, категорияи тарз (фоилию мафъулӣ).
Категорияи миқдории садонокҳо. Тафовути дарозию кўтоҳии садонокҳо, ки дар баъзе забонҳо дорои 4 дараҷа аст.
Категорияи морфологӣ. Ифодаи умумии морфологии падидаю равандҳое, ки грамматика ва лексикаи (луғати) ин ё он забонро муаррифӣ мекунад. Гурўҳи калонтарини калимаҳо дар ифодаи маъноҳои грамматикӣ шаклҳои якхела доранд: Категорияи исм, ки ҳамчун ҳиссаи нутқ ҷамъабандии ба худ хос дорад, феъл (ҳамчун ҳиссаи нутқ) хусусияти тасрифӣ дорад, аз рўйи шахсу шумора тасриф мешавад. Хусусияти умумии гурўҳи луғавию дастурии калимаҳо (категорияҳои грамматикӣ) дар муқобилгузории маъноҳои грамматикии калимаҳои ҷудогона равшан мешавад: категорияҳои шумора, шахс, замон, сиға, тарзу намуд ва м.и., ки ҳар як гурўҳ воситаҳои ифодаи хос доранд, аз ҷумла пасвандҳои ба худ хос.
Категорияи намуд (ниг.: намуди феъл).
Категорияи нутқ (гуфтор). Яке аз категорияҳои наҳвӣ ва маъноӣнаҳвӣ, ки мазмуну муҳтавои умумимодалӣ ва умумипредикативиро муайян мекунад ва дорои ифодаҳои гуногуни созанда ва просодӣ (қувва, фосилаи як мавҷ, баландии лаҳн, тамдид) мебошад. Категорияи калима ва ифодаҳои туфайлӣ, категорияи пурсиш (савол), категорияи хитоб, категорияи тасдиқу инкор.
Категорияи предикативии феъл. Категорияҳои феълие, ки дорои ифодаи предикативист: Категорияи шахсу шумора, категорияи замон, категорияи намуд, сиға.
Категорияи сиға (ниг.: сиға).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо