Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

карда, дар грамматика онҳоро бо маънои умумӣ – категорияи шумора ном мебарем. Категорияҳои грамматикӣ ду тарзи ифода доранд: 1) бе ҳеҷ восита бо решаю асоси калимаҳо (рафт, гуфт, хонд) – категорияи сиға, категорияи намуд, категорияи тарз, категорияи шахс, категорияи шумора; 2) ба воситаҳои морфемаҳои ҷудогона (пасвандҳои ҷамъбандӣ, артикли номуайянии -е, бандакҳои феълию хабарӣ) ифода меёбад.
Категорияи замон (ниг.: замон).
Категорияи луғавию маъноӣ. Маҷмўи аломатҳои маъноии (семантикии) калима ҳамчун воҳиди таркиби луғавӣ, ки дар заминаи онҳо ба гурўҳҳои маъноӣ муттаҳид мешаванд.
Категорияи матн. Масъалаи категория дар матн аз мавзўоти мубрам ва мураккаби забоншиносии матн муаррифӣ мешавад. Бале, категорияи матн мафҳуми мураккаб ва пурпечутоб аст, зеро матн худ чи аз нигоҳи моҳият, чи аз нигоҳи корбурд ва чи аз нигоҳи мазмуну мундариҷа мураккабу печида аст, табиати матн аз масъалаҳои басо пурпечутоби илми забоншиносӣ ва ҳамчунин улуми дигари бо матн сарукордошта қарор гирифтааст. Бинобар ин масъалаи матн ҳамчун воҳиди мураккаб ва печидаву пургиреҳ то ҳанўз ба таври бояду шояд омўхта нашудааст. Доир ба категорияҳои матн муҳаққиқон, аз қабили И.Р. Галперин, Н.С.
Валгина, З.Я. Тураева, Т. ван Дейк, Г.Я. Солганик, Т.М. Николаева андешаҳои худро ба ҳадди имкон баён намудаанд, аммо то ба имрўз назари ягона ва таснифоту гурўҳбандии илмии ин гурўҳи муҳими мафҳумҳои забоншиносии матн матраҳ нашудааст. Бо назардошти манобеи гуногуни илмии дар забоншиносии муосир бамиёномада тамоми категорияҳои матнро маъмулан ба ҳафт ҷуфти категорияҳо ҷудо кардан мумкин аст:
- Категорияи замон – категорияи макон.
- Категорияи мақсад – категорияи модалият.
- Категорияи муаллиф – категорияи мухотаб (хонанда).
- Категорияи ҳамоҳангӣ – категорияи мукаммалсозӣ.
- Категорияи алоқамандӣ – категорияи таҷзия.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо