Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хусусияти маъноҳои умумии маъноӣ (семантикӣ) ва морфологию синтаксисӣ муттаҳид мешаванд: категорияи исм, категорияи зарф, категорияи феъл.
Категорияи баҳои субъективона. Категорияи маъноию наҳвӣ, ки тавассути корбурди наҳвии ҳиссаҳои гуногуни нутқ ифода меёбад. Гўянда нисбат ба предмет ё хусусияти он, ба амалу ҳолат, ба аломати предмет ё аломати аломатҳо баҳои субъективона – маъноҳои иловагӣ (дўстдорӣ, навозиш, хурдӣ, таҳқиру таҳдид, талху пичинг, киноя ва ғ.) медиҳад.
Воситаи муҳимтарини баҳои субъективона пасвандҳои шаклсоз мебошад.
Масалан, агар исмҳо маънои табиатан калон (асп, гов, кўҳ)-ро фаҳмонанд, бо иловаи пасвандҳои шаклсози -ча, -ак (духтарча, писарча, духтарак, писарак) маънои нописандӣ, хурдию таҳқирро ифода мекунанд: Дар ин сол монанди порсола дарси дарсхонагии ҷамоаи мо дар пеши домулло Икромча аз «Шарҳи Мулло» бо қоригии Ғафурҷон Махдум бояд мешуд (С.А.). – Балота гирам, Мукаррамча (Ҷ.И.); Кали Қурбон духтараки нотавонро чун гунҷишкак бардошту ба доду фарёди ў аҳамият надода, ба даҳлез баровард (Ҷ.И.). Маънои навозиш ба воситаи калимаи ҷон низ ифода меёбад: – Инту нагўед, бибиҷон! – гуфт миёнарав (Ҷ.И.). Барои ифодаи навозиш калимаи ҷон бо исмҳои хос низ меояд: Аммо чӣ кор кунам, ки Фирўзаҷони ман кас надорад (Ҷ.И.).
Категорияи ғайрисинтаксисӣ. Категорияи лингвистие, ки ифодаи шаклии он дар гуфтори муайян аз шаклҳои дигар вобаста нест: шумораи исм; дараҷаҳои сифат; дараҷаи зарф; намуд, тарз дар феъл.
Категорияи грамматикӣ. Мафҳумҳои умумие, ки якчанд маънои грамматикии ҳамнисбатро муттаҳид менамоянду бо шаклҳои грамматикӣ ифода меёбанд. Дар калимаҳои мехонам, мехонӣ, мехонад маънои шахси I, II, III бо ёрии бандакҳои феълии -ам, -ӣ, -ад ифода гардидааст ва ҳамаи онҳо зери мафҳуми категорияи шахсу шумораи феъл муттаҳид мешаванд.
Исму феъл дорои категорияи шумораанд, вале маъно ва шакли ифодаи онҳо гуногун аст: танҳо – дафтар, ҷамъ – дафтарҳо, танҳо – медавад, ҷамъ
– медаванд. Аз шаклҳои ифодаи хусусию ҷудогонаи он мо сарфи назар

пешина
аз 389
навбатӣ