Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мошинасозӣ (рус. машинастроение), саринженер (рус.: главный инжинер).
Калкаҳои сохта ҳамчун нусхаҳои аслии онҳо аз решаҳою вандҳои калимасоз таркиб ёфтаанд. Дар чунин калкаҳо маъмулан ҳиссаи маънодор ба решаи нусхаи асл баробар буда, пасванди калимасози он тоҷикист: бетончӣ (рус. тракторист), туманот (рус. туманность). Ба тавассути забони русӣ калимаҳои гуногуни аврупоӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд: озодфикр рус. волнодумец, ҷаҳонбинӣ рус. мировоззрение; в) калкаи синтаксисӣ. Қолиби синтаксисие, ки дар заминаи қолаби забони дигар пайдо шудааст: мудофиаи гражданӣ, аскари сурх, роҳи ҳавоӣ.
Калкаи фразеологӣ. Айнан тарҷума кардани ибораҳои маҷозӣ ё таъбирҳо:
Дом отдыха – хонаи истироҳатӣ, живой язык – забони зинда.
Касра (ниг.: зер).
Категория – мақулаи забонӣ (аз юн. hatēgoria) ба маънои васеаш – ҳама гуна унсурҳои забонӣ, ки дар асоси хосиятҳои умумиашон ҷудо карда мешавад; ба маънои риояти дақиқ ин ё он аломате (бузургӣ – параметр), ки дар асоси маҷмўи воҳидҳои забонии ҳамҷинс қарор дошта, унсурҳояшон маънои ягонаю мушаххас доранд: «категорияи ҳолат», «категорияи ҷондору беҷон», «категорияи камдод». Баъзан тавассути истилоҳи «категория» яке аз маъноҳои аломат (параметр) дар назар дошта мешавад: «категорияи ҷинсияти мардона», «категорияи намуди мутлақ», «категорияи дараҷаи қиёсии сифат». Маҷмўи чунин аломатҳо аз воҳидҳои ҳамҷинсу ҳамгун иборат буда метавонад: «категорияи ҳамсадоҳои зич», «категорияи ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг», маҷмўи категорияҳои муайян аз воҳидҳои дуҷонибаро низ ифода мекунанд: калима, ибора, ҷумла. Дар ин маврид сухан дар бораи категорияҳои грамматикӣ, синтаксисӣ, морфологӣ, луғавию маъноӣ, калимасозӣ… меравад.
Аломатҳои категориявиро ба аломатҳои фарқкунанда ва таснифотӣ ҷудо мекунанд. Ҳамин тавр, истилоҳи категория ду маъноро ифода мекунад: 1.
Маъноҳои ба гурўҳи калимаҳои ҳамҷинсу ҳамсинф хос шудае, ки берун аз ифодаи луғавии онҳо фаҳмида мешаванд ва маъмулан он категорияи грамматикӣ хос аст. 2. Гурўҳҳои луғавию дастурии калимаҳо, ки аз ҷиҳати

пешина
аз 389
навбатӣ