Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Категорияи синтаксисӣ. Категорияи синтаксисие, ки вобастагии як калимаро аз калимаҳои дигар ифода менамояд. Масалан:
бандакҷонишинҳо дар исм (китоб <-ам-ат-аш), шахсу шумора дар феъл (гуфтем – мо гуфтем), бандакҷонишинҳо дар феъл (гуфтамаш – ба ў гуфтам):
Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст, Меҳмон аз мулки Афғон омадаст (М.Т.).
Категорияи ҳиссаҳои нутқ (ниг.: категорияи морфологӣ).
Категорияи ҳолат (падеж). 1. Категорияи грамматики ном, ки муносибати ифодашавандаи як предметро ба предметҳои дигар амалҳо, аломатҳо ифода мекунад. 2. Шакли исм, ки робитаи онро ба калимаҳои дигари ибораю ҷумла ифода мекунад. Категорияи ҳолат (яъне тасрифи калимаҳо) дар системаи забони порси қадим хеле густурда ва мураккаб буда, аз аҳди қадим то ба оғози даврони миёна тадриҷан маҳдуд гардида, пас аз он аз байн рафт. Дар забони порсии қадим аввалан 8 падеж вуҷуд дошт, ки баъдҳо падежи dativ бо Genetiv ҳамвазифа шуда, падежи Genetiv боқӣ монд. (аз саҳ. 34-и «Таърихи забони тоҷикӣ»)-и З.Мухторов. Дар забони муосири тоҷикӣ категорияи падеж (ҳолат) нест. Миқдори ин категория дар забонҳои ҷудогона яксон нест: дар забони арабӣ 3, дар забони эскимосӣ, русӣ – 6, дар забони финӣ – 15, эстонӣ – 14, номӣ-зирянӣ
– 11, комӣ-пермӣ – 17. Дар тадқиқоти эроншиносон номи падежҳои юнонӣ ва инчунин лотинию юнонӣ мустаъмал аст: Nominativ, Accuzativ, Genetiv, Ablativ, Dativ, Unstrumentaliv. Маънои луғавию грамматикии гурўҳи калимаҳое, ки ҳолатро мефаҳмонанд: а) ифодаҳои модалӣ ва баҳои субъективона: ором, карахт, ҳушёр; б) баъзе зарфҳои замон ва тарзи амал:
оҳиста, дартоз, барвақт, фавран; в) калима ва ифодаҳое, ки дар ҷумлаҳои нопурра вазифаи хабарро иҷро мекунанд: Ҳама ҷо ором. Дар забони тоҷикӣ категорияи ҳолат дар заминаи маънои луғавии калима, ба воситаи пасвандҳои зарфсоз (оташвор, мастона) ифода меёбад. Баъзе исмҳои маънӣ низ дорои маънои ҳолатанд: оромӣ, хомўшӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо