Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Калимаҳои ёридиҳанда. Калимаҳое, ки маънои луғавии худро гум карда, барои ифодаи тобишҳои гуногуни нутқ хизмат мекунанд. Яке аз гурўҳи калони ин калимаҳорор феълҳои ёридиҳанда ташкил медиҳанд.
Калимаҳои ёридиҳанда. Калимаҳое, ки маънои луғавии худро гум карда, барои ифодаи тобишҳои гуногуни нутқ хизмат мекунанд. Ниг.:
феълҳои ёридиҳанда.
Калимаҳои иқтибосии арабӣ. Калимаҳои иқтибосии арабӣ ба тавассути як идда нишонаҳои умумии савтӣ, сарфӣ ва маъноияшон фарқ мекунанд. 1. Нишонаҳои савтӣ: а) мавҷудияти ҳамсадои зичи ҳалқии ъ дар калима: баъд, ҷамъ, мўъмин, таърих; б) мавҷудияти ҳамсадои зичи забончагии қ: қотил, қасам; в) пайиҳам омадани ду садонок: соат, оила, маош; г) такрори (ташдиди) ҳамсадоҳо дар қолабҳои муайян муфаъъал:
мураккаб, мушавваш; муфаъъил: муассис, муаллим. 2. Нишонаҳои сарфӣ:
а) шикаста решаи калима. Забоншиносони араб аз решаи ФЪЛ як идда қолабҳои ҳамвазнро ба вуҷуд овардаанд, ки барои муайян намудани анвои сохторҳо, маъноҳои луғавию грамматики калимаҳои ин забон ёрӣ мерасонанд. Масалан, аз решаи КТБ шаклҳои грамматики китоб, котиб, мактуб, мукотиба ва амсоли инҳо сохта шудаанд; б) калимаҳои иқтибосии арабӣ бештар ҳамчун исмҳо, сифатҳо ва баъзе зарфҳо дохил шудаанд. Аз сабаби зиёд будани исмҳо баъзе аломатҳои сарфии онҳо дар шакли устувор нигоҳ дошта шудаанд. Масалан, дар шакли суратёфтаи ҷинсияти грамматики муаннас, ки нишонҳои грамматики он пасвандҳои -а, -ат (-ят) мебошанд: шоира, адиба, насиба; зарофат, латофат, тарбият. Нишонаҳои маъноӣ: а) бештарини калимаҳои иқтибосии арабӣ мафҳумҳои муҷаррадро ифода мекунанд: ақл, ваҳм, муҳаббат, нафрат, саодат, тафаккур, ирфон; б) қисми зиёди чунин калимаҳо истилоҳоти динианд:
Қуръон, ҷиҳод, масҷид, дуо, суҷуд, набӣ, дуо, меъроҷ; в) истилоҳоти илм, тамаддун ва санъат бештар аз ҳисоби ҳамин гуна калимаҳо ташаккул ёфтаанд: қасида, шеър, тасвир, тавсиф, таҷаддуд, наср, назм.
Калимаҳои иқтибосии русию аврупоӣ. Воридшавии калимаҳои русӣ ва аврупоии тавассути забони русӣ иқтибосшуда аз нимаҳои дуюми асри

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо