Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

намуда, дар забонамон асрҳои аср вуҷуд доранд: об, кўҳ, рўд, шаб, сол, даст, роҳ; в) калимаҳои аслии тоҷикӣ дар бобасти калимасозӣ низ мавқею мақоми бузург доранд. Дар заминаи як реша ё асоси калима садҳо калимаҳои сохта ва мураккабу таркибӣ сохта мешаванд. Чунончи,аз калимаи решагии сар калимаҳои саргаҳ, сарак, сарабон, сарвар, ҳамсар, саросар, сардор, сарҳад, сархор, саркор, сарбаланд, саршор, сарнавишт, сарбоз… сохта шудаанд.
Калимаҳои гуфтугўӣ. Вожаҳои гуфтугўӣ дар муомилоти ҳаррўза, мавриди сўҳбатҳои муқаррарию одӣ ва муносибатҳои маҳрамонаи одамон ба кор бурда мешаванд. Калимаҳои гуфтугўӣ низ дар доираи меъёрҳои муқарраршудаи забони адабӣ қарор доранд. Аз калимаҳои китобӣ онҳо бо ҳамин фарқ мекунанд, ки дар муносибатҳои расмӣ, осори илмӣ ва таълимӣ истифода намешаванд. Калимаҳои гуфтугўие, ки ҳамеша аз забони зиндаи мардум ғизо мегиранд, аз манбаъҳои асосии бойшавии гурўҳҳои дигари забони адабии тоҷик ба шумор мераванд. Нишонаҳои калимаҳои гуфтугўӣ инҳоянд: а) калима бо тамоми хосиятҳои забониаш:
бо сохтор, маъноҳо, оҳангҳои эҳсосӣ ва мавридҳои истеъмолаш гуфтугўист: чавкӣ «гулхане,ки дар тўйҳо афрўзанд»; чакдон «навъе аз танўрҳои нонпазӣ,ки дар замин кофта шудааст»; б) як ё якчанд вариантҳои мавҷудаи калимаи хоси забони гуфтугўист. Калимаҳои занак, мардак ҳамчун вариантҳои морфологии калимаҳои умумиистеъмолии занак, мардак ҳамин хосиятро доранд; в) ин ё он муродифи калима низ гуфтугўӣ шуда метавонад. Масалан, калимаи бўзбала нисбат ба ҷавонмард ва паҳлавон, ё ки кўрсавод дар муқоиса бо камсавод ва чаласавод дорои чунин хосиятанд; г) баъдан як ё якчанд маънои калима тобиши гуфтугўӣ дорад. Калимаи поидан, ки дар забони адабӣ бо маъноҳои «таъқиб кардан касе»-ро, «нигоҳубин кардан ба касе» дар истеъмол аст, боз ба маъноҳои гуфтугўии «интизор шудан касеро» ба кор бурда мешавад: Туро то бегоҳӣ поида нишастам. Калимаҳои гуфтугўйиро ба гурўҳҳои шевагӣ, калимаҳои махсуси гурўҳҳои иҷтимоии одамон ва луғати касбӣ ҷудо мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо