Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

XIX шурўъ шудааст. калимаҳои аврупоӣ ба ҷуз аз забони русӣ ба воситаи забонҳои Шарқ низ ворид шудаанд. Чунончи, калимаҳои амсоли кумита, кунгура, обуна, парлумон, вергул пеш аз Инқилоби Октябр аз тариқи форсии Эрон омадаанд. Калимаҳои камзўл, бут «пойафзол», гилос «финҷон», патлун «пойҷома» аз забони дарии Афғонистон қабул шудаанд. Нишонаҳои забонии калимаҳои русию аврупоӣ: 1. Нишонаҳои савтӣ: а) дар баъзе калимаҳои русию аврупоӣ овозҳои хоси забони русӣ Ц, Щ, Ы мавҷуданд, ки мувофиқи меъёрҳои имлои охирин бо овоз ва таркибҳои овозии тоҷикии с, тс, ш, шч, и ифода карда мешаванд: сирк, аксент «осори талаффузи як забон дар забони дигар», дотсент, шўтка.
Салтиков-Шедрин, пилесос; б) дар аввали калимаҳои русию аврупоӣ ду ё се ҳамсадо пасиҳам омада метавонанд: трактор, трамвай, квас «нўшокӣ аз орди ҷав»; в) дар охири чунин калимаҳо се ҳамсадо пасиҳам меоянд:
спектор «ҳафтранг», инфаркт «сактаи дил». 2. Нишонаҳои сарфӣ: а) калимаҳои русию аврупоӣ бештар дар шакли асосии грамматики худ (падежи (ҳолати) именительный) ба тоҷикӣ ворид шудаанд. Ба тариқи истисно танҳо баъзеи чунин калимаҳо дар шаклҳои ҷудогонаи мустаъмал истифода мешаванд: участка, посёлка, гербария, лаборатория; б) калимаҳои сохта, мураккаб ва таркибии ин гурўҳ дар забони тоҷикӣ фақат ҳамчун калимаҳои рехта қабул шудаанд, ки онҳоро ба ҳиссаҳои маъноии хурдтар таҷзия намекунанд: водопровод, механизатсия, болшевик. 3.
Нишонаҳои маъноӣ: а) аксари калимаҳои иқтибосии русию аврупоӣ ифодагари мафҳуму ашёҳои мушаххаси ҳаёти воқеӣ мебошанд: радио, телефон, телевизор, оптика, призма; б) гурўҳи зиёди чунин калимаҳо ҳамчун истилоҳ дар ифодаи мафҳумҳои илмию фаннӣ ба кор бурда мешаванд: диареза, ассонано, интонатсия «оҳанг»; азот, водород, фотосинтез, генетика. Калимаҳои русию аврупоӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва ҳаёти ҳаррўзаи мардум, аз ҷумла саноат: завод, фабрика, комбинат; кишоварзӣ: агроном, ферма, силос; нақлиёт: автобус, автомобил, вагон; маориф: университет, декан, ректор, колеҷ; фарҳанг:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо