Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

К
Калима ва мафҳум. Калимаҳо ба маънои луғавии худ аксар дар ифодаи мафҳумҳо ба кор бурда шуда, бо қиёфаи овозиашон ифодагари фақат номҳо мебошанд. Мафҳумҳо дар сурати калимаҳо ифодаи моддии худро пайдо мекунанд. Масалан, калимаи хона мафҳуми хонаро, калимаи дарё мафҳуми дарёро ифода мекунад. Калима ва мафҳум аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Калимаҳо аз ҷумлаи воҳидҳои асосии забон буда, мавзўи баҳси забоншиносианд. Мафҳумҳо яке аз шаклҳои мавҷудияти тафаккур буда, мавзўи баҳси мантиқианд. Як калима метавонад дар ифодаи якчанд мафҳум ба кор бурда шавад. Калимаҳо агар ба ҷумлаи калимаҳои ифодагари мафҳумҳо дохил шаванд, бо яке аз маъноҳои худ мафҳумро бевосита ифода мекунанд. Масалан, калимаи сурат, пеш аз ҳама, ифодагари маънои «портрет, тасвир, расм»: сурати девор, сурати китоб бошад ҳам, маъноҳои мафҳумии «намуди зоҳирӣ, рўй»: сурати зебо, «кайфият, вазъият»: сурати ҳолро ифода карда метавонад. На ҳамаи калимаҳо ба мафҳумҳо далолат карда метавонанд ва на ҳамаи мафҳумҳоро бо калимаҳо ифода кардан мумкин аст. Масалан, калимаҳои ифодагари исмҳои хос (Ибод, Нодира; ҷонишинҳои ман, мо, ин, ҳамин), ҳиссачаҳо (илоҳӣ, кошкӣ); нидоҳо (уф, вой, дод) мафҳумҳоро ифода карда наметавонанд. Ба тариқи истисно як гурўҳ исмҳои хосе, ки хусусияти фардӣ касб кардаанд, мафҳумҳоро ифода карда метавонанд (Турсунзода, Душанбе, Варзоб).
Калима ва ном. Калимаҳо дар ифодаи номҳо алоқамандие надоранд.
Номи шайъ, ё ҳодисаҳои ҷудогонаро низ на ҳамавақт маънидод кардан мумкин аст. Номҳо бо соҳибони худ робитае надоранд, зеро онҳо фақат ҳамчун аломати рамзии фарқкунандаи одамон ва шайъҳо аз ҳамин гуна одамон ва шайъҳои дигар мебошанду бас. Масалан, камкасон огоҳанд,ки номи занонаи Ноҳид «наҳри осмонӣ» гуфтан аст: номҳои мардонаи Искандар бо маънои «ғолиб» ва Рустам бо «рустан» алоқаманданд. Ҳамин тавр, ном ва ифодаи маъноҳои мубрами луғавӣ маҳрум бошад ҳам, бо

пешина
аз 389
навбатӣ