Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бунёди тавлиди он маъноҳо, яъне маънои ибтидоии он робита дорад.
Инро дар номҳои пойтахт, кисабур, кўҳнадўз муқаррар кардан мумкин аст. Масалан, калимаи пойтахт, ки имрўз ҳамчун номи дигари марказ аст, дар гузашта бо мафҳуми тахти пойӣ, яъне тахти равон алоқамандие доштааст.
Калима, таркиб ва ибораҳои туфайлӣ. Дар дохили ҷумла ба ҷузъ саръазою аъзоҳои пайрав, калима, таркиб ва ибораҳое низ меоянд, ки бо аъзоҳои ҷумла робитаю алоқаи грамматикӣ надоранд, вале ба мундариҷаи тамоми ҷумла ё ба ягон ҳисса ва ё аъзои он муносибати маъноӣ пайдо мекунанд: Ростӣ, ҳамон вақтҳо ман ҳам дар андеша афтода будам. Агар ҳамон овозаҳо рост мебаромаданд, албатта ба кори мо ҳам халал мерасид (С.А.); Ман, писар, рости гап туро нашинохтам (Ҷ.А.); Хушбахтона, Зебӣ пас аз хеле муддат баргашт (С.У.). Воҳидҳои туфайлӣ бо исти кўтоҳ ва оҳанги нисбат ба аъзоҳои ҷумла пасттар ва андаке суръатнок талаффуз мешаванд. Хулоса натиҷаҳои бадаст омада ва пешниҳодҳои муаллифро дар бар мегирад; Хулоса пешниҳодҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар ҷумлаи аввал исми хулоса ба вазифаи мубтадо, вале дар ҷумлаи дуюм ба вазифаи воҳиди туфайлӣ омадааст. Ба сифати воҳидҳои туфайлӣ исм, таркибу ибораҳои исмӣ: хулоса, хулласи калом, ба ростӣ, ба гумонам, ба қавли, бешубҳа, бе муболиға, сад афсўс, ба таъбири дигар, таркибҳои ҷонишинии ҳамин тавр, инак, бар замми ин…, зарфҳои хусусан, ҳақиқатан, зоҳиран, хушбахтона…, феълу таркибу ибораҳои феълии фарз кардем, гумон мекунам, бовар кунед ва ғайра истифода мешаванд. Калимаҳои туфайлӣ аъзои ҷумла нашаванд ҳам, бо аъзоҳои ҷудогона ва тамоми ҷумла муносибати ҷудонашаванда доранд.
Онҳо бештар бо ҷумла ва ё аъзоҳои он алоқа алоқаи маъноӣ пайдо карда, хусусиятҳои услубӣ зоҳир менамоянд. Вале баъзе калимаҳои туфайлӣ (афсўс, ҳайф, хайрият) ба сифати ҷумлаи мустақил омада, ҷумлаи дигарро ба худ тобеъ меагрдонанд: Афсўс, ки инро ҳама монанди ту намефаҳмад (С.А.); Хайрият, ки дар сари вақт расида омадам (Ф.Т.). Баъзе калима, ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ барои васл намудани қисматҳои фикр,

пешина
аз 389
навбатӣ