Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

услубиро зикр менамоянд: Ифодаи кўдакона. Ифодаи дағал. Ифодаи китобӣ. Ифодаи шоирона.
Ифодаи предикативӣ. Ифодаи байни мубтадою хабар, ки унсури сохторию маркази ҷумлаҳои дутаркибаро ташкил медиҳанд. Чунин ифода танҳо ҷумла мебошад.
Ифодаи релятивӣ (лот. relation – муносибат, алоқа). Ифодаи муносибат, яъне маънои грамматикие, ки тавассути бандакҳо ифода меёбад: хондам, хондӣ, хондед; китобам, китобат, китобаш.
Ифоданокӣ - бо ҳиссиёту эҳсосоти баланд баён кардани мақсад, ки тавассути воситаҳои тасвирии забон сурат мегиранд.
Й
Йот - ҳамсадои роғи миёнизабонӣ, ки ба садонокҳои минбаъда ҳамроҳ шуда, ҳарфҳои йотбарсари я, ё, ю-ро ба вуҷуд меорад: гиря, дарё, афюн.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо