Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дар он чизҳои дигарро ҷо медиҳанд. 2. Фосилаи вақту замон. 3.
Истилоҳоти грамматикӣ; Мафҳум – 1. Фаҳмо, равшан. 2. Донисташуда. 3.
Маъно, мазмун. 4. Истилоҳи соҳаи мантиқ ва фалсафа.
Истиора (ар. – ба орият гирифтан) – яке аз санъатҳои асосии маънавӣ ва як намуди маҷоз аст. Бунёди истиора низ бар ин аст, ки калимаю ибора ба маънои аслӣ не, балки ба маънои дигаре кор фармуда мешавад.
Истиора аслан аз инкишофи ташбеҳ ҳосил шудааст. Масалан, агар ташбеҳшаванда зикр наёфта, танҳо ташбеҳкунанда омада, вазифаи ташбеҳшавандаро низ адо кунад, ташбеҳ ба истиора табдил меёбад.
Чунончи, агар гўем, ки «фарзанд мисли нури чашм азиз аст», ин ҷумла ташбеҳ дорад, зеро фарзанд ба нури чашм монанд шудааст: фарзанд – ташбеҳшаванда, нури чашм – ташбеҳкунанда. Лекин чунонки дар байти зер омадааст:
То маро он нури чашму меҳрубон аз даст рафт, Тоқати тан, сабри дил, ороми ҷон аз даст рафт.
Худи «нури чашм» бамаънии фарзанд омадааст. «Нури чашм»
истиорашаванда ва «фарзанд»соҳиб истиора аст.
Историзмҳо (аз юнонии historia - таҳқиқот). Калимаю ифодаҳои таърихие, ки манбаи материалии онҳо кайҳо барҳам хўрдааст. Чунин калимаҳо дар сурати ба миён омадани зарурати зикри воқеияти гузашта истифода мешаванд. Онҳо муродиф надоранд: додхоҳ, асас, миршаб, мулозим, амир, ҳоким, иноқ, парвоначӣ, амин, амлокдор, вақф, закот.
Воҳидҳои таърихӣ аз ҷиҳати шакл ду хел мешаванд: калимаҳои таърихӣ ва ибораҳои таърихӣ. Ибораҳои таърихӣ дар қиёси калимаҳои таърихӣ миқдоран каманд: хати барот, ясавули уламо, вақфи авлод, ҳуҷраи ориятӣ.
Калимаҳои таърихиро дар таркиби калимаҳои мураккаб ва ибораю зарбулмасалу мақолҳо низ дучор кардан мумкин аст: Шароби муфтро қозӣ ҳам мехўрад; шайхро ҳунар нест, хонақоҳ танг аст.
Ифода. 1. Воҳиди сохтории нутқ, ки дорои хусусиятҳои хос мебошад:
ифодаи рехта, ифодаи тақсимнопазир, ифодаи калимагӣ, ифодаҳои муродифӣ. 2. Ифодаи хуллас, ифодаи устувор, ки хусусиятҳои шевагию

пешина
аз 389
навбатӣ