Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мешаванд: Бинобар он Мулло Вафо ғазалҳои худро ба он ҷавонон ёд кунонд… (С.А.). Калимаҳои амсоли соҳибҷамол, хуб, некў, хирадманд, содалавҳ, калон, нокас ҳамчун исм воқеъ шуда, пасванди ҷамъбандӣ қабул мекунанд:
Чунон тасвири ҳуснатро кашидам,
Ки дида мот гардад шоҳи хубон! (А.Д.).
Ҳамин тавр, сифатҳои феълии шабеҳи нависанда, хонанда, парранда, хазанда, бофанда, феълҳои амсоли дарёфт, ноомад, баромад, даромад (фоида), банд, буду нобуд, шумораи як (яке), шумораҳои касрии ҳафтяк, даҳяк, чоряк маънои нав пайдо карда, ҳамчун исм истифода мешаванд.
Ист (ниг.: танфис).
Истилоҳ (ар.). калима ё ибораест,ки мафҳумҳои ба илм, техника ё санъат вобастаро ифода мекунад. тафовути истилоҳ аз калимаҳои умумиистеъмолӣ, ки маъмулан сермаъно мешаванд ин аст, ки он чун қоида марбути як маъност ва хусусияти эҳсосотию экспрессивӣ надорад.
Истилоҳ маъмулан шомили ин ё он соҳаи мушаххас аст; истилоҳоти адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, математика, физика, таърих. Гурўҳи муайяни истилоҳҳо мансуби чанд соҳа буда метавонанд. Масалан, вожаи реша дар соҳаҳои забоншиносӣ (решаи калима, калимаҳои ҳамреша), математика (решаи квадратӣ), рустанишиносӣ (решаи дарахт), тиб (решаи дандон) истифода мешавад. Аммо бештарини истилоҳҳо хусусияти маҳдуд – маънои ба ихтисос махсус доранд: истилоҳҳои аффриката, праклитика, калима, ибора, ҷумла, исм, сифат, мубтадо, ҳол танҳо дар соҳаи забоншиносӣ истифода мешаванд. Истилоҳоти алло-эмипикӣ:
истилоҳоти ҳамаи қабатҳои забон: алло (аллофон, алломорф, аллолексика, аллограф), эм (фонема, морфема, графема, лексема, семема).
Термин муродифи истилоҳ аст (аз terminus-и лотинӣ – ҳад, ҳудуд).
Калимаҳое мавҷуданд,ки танҳо дар маънои ҷудогонаи соҳавии худ истилоҳанд ва дар маънои дигарашон амсоли калимаҳои маъмулу муқаррарии забон истеъмол мешаванд. Масалан: Зарф – 1. Ҳар чизе, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо