Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

техника, таъсири инсон ба табиат, ки боиси гуногунии таркиби луғавии забон мегардад.
Инкор. Ифодаи манфии фикр тавассути воҳидҳои луғавӣ, грамматикӣ, синтаксисӣ, фразеологӣ; ба таври воқеӣ вуҷуд надоштани ин ё он чизро ифода кардан; мункар будан. Инкор бо роҳҳои зерин ифода мешавад: 1. Бо ёрии ҳиссачаҳои инкории не, на: Не хабар намедиҳам!
(С.А.). 2. Бо ёрии пешвандҳои шаклсози на-, ма-.
Ба мардум хидмат афзунтар кун, ин ранҷ Намеорад пушаймонӣ, падарҷон (А.Л.).
3. Ба воситаи вожаи ҳаргиз: Магар ту ҳамроҳи онҳо меравӣ? – Ҳаргиз! (Ҷ.И.). 4. Бавоситаи ҷонишини инкории ҳеҷ: – Ягон касро дидӣ? – Ҳеҷ касро! (Р.Ҷ.). 5. Ба воситаи оҳанг (дар ҷумлаҳои тасдиқӣ): Ба гумонат, ман ҳамроҳат меравам! (П.С.).
Интегратсия (анг. Integration. Омезиши забонҳо). Ба ҳамдигар наздикшавии забонҳо, баробарӣ, тафовуту фарқи муайян намондан ҳангоми ба як забон муттаҳид шудани забонҳои дигар.
Интерлингва (лот. – inter – байн, мобайн, дар байни + lingua - забон).
Забони ёрирасони байналхалқӣ, ки соли 1903 аз ҷониби Цузеппе Пеано пешниҳод шуда буд. Сохти грамматикии ин забон дар заминаи забони лотинӣ буда, таркиби луғавиаш калимаҳои решагии забонҳои гуногуни аврупоиро дарбар мегирифт.
Интерференсия (аз лот. inter – байни ҳам ва ferio – маҳв мекунам).
Интерференсия дар забоншиносӣ пайваста ба вусъати дузабонӣ (билингвизм) тағйир ёфтани ҳудуди меъёри забонҳои мутаассирро гўянд, ки бештар дар ҷараёни табодули забонҳо ба амал меояд. Инчунин аз нав ба гурўҳҳо тақсим шудани қолабҳои забонро низ бо ҳамин истилоҳ ифода менамоянд, ки дар натиҷаи ба соҳаҳои гуногуни як забон дохил шудани унсурҳои забони дигар сурат мегирад. Интерференсия ба услуб, вазифаи иҷтимоӣ ва дараҷаи тақоруби шаклии забонҳои мутаасир вобаста аст. И.
се навъ мешавад: фонетикӣ, луғавӣ ва грамматикӣ. Дар низоми луғавӣ аз ҳама беш интерференсия ба амал меояд, ки гуногуннавъ аст: 1) аз як забон

пешина
аз 389
навбатӣ