Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

базабони дигар дохил шудани воҳидҳои луғавӣ (калима, ибора ва вандҳо); 2) васеъ ё танг шудани доираи истеъмоли воҳидҳои луғавии як забон дар натиҷаи тақлид ба воҳидҳои луғавии забони дигар; 3) калкасозии луғавӣ; 4) тағйир ёфтани маънои калимаҳои як забон аз таъсири (шабоҳати маъноии) калимаҳои ҳамшаклу ҳаммазмуни забони дигар. Падидаи интерференсия ҷиҳати сирф амалӣ низ дорад. Чунончи, забони модарӣ ба ҷараёни омўзиши забони хориҷӣ таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ мерасонад; аз як тараф, ёрӣ диҳад, аз тарафи дигар, халал мерасонад, зеро омўзандагон овозҳо, калимаҳо ва категорияҳои грамматикии забони хориҷиро шабеҳан ба унсурҳои мувофиқи забони модарӣ аз худ мекунанд ва ё тақлидан ба забони модарӣ дар забони хориҷӣ ҷумлаю ибора месозанд. Таъсири интерференсионии забони модарӣ ҷараёни инкишофи тафакурро не, балки иқтибосу идрок, воситаҳои нави ифодаи фикрро суст мекунад. аз ин рў, баробари кам кардан ё умуман барҳам додани таъсири интерференсионии забони модарӣ онро аз ҷараёни таълими забони хориҷӣ ҳаргиз дур кардан лозим нест, балки дар зимни машқҳои махсус ҷараёни мазкурро идора кардан мувофиқи матлаб аст.
Интерфикс (лот. interfixus –вобаста, пайвастшуда, дар байн). Ҷузъи калима,ки маъное надорад, воситаи калимасоз ҳам нест, байни решаҳо (асосу) пасванде,ки аз назари морфологӣ ба ҳам васл ёфтани онҳо мушкил аст, ҳамчун унсури васлкунанда гузошта мешавад: оҳу(в)он, гесў(в)он, абру(в)он, бача(г)он, моҳи(й)он, сабза(в)от, навишта(ҷ)от.Илова бар ин дар ифодаи интерфикс ҳолатҳои пеш аз пасванди охирин ва реша ҷойгир шудани пасвандҳои дигар низ ба ҳисоб гирифта мешавад: хона-чаяк-ҳо, пахтачинакон, беҳтарин – беҳ-тар-ин.
Интеръективатсия (лот. interjection – нидо, нидошавии калимаҳои дигар). Ба категорияи нидоҳо гузаштани калимаҳои мустақилмаъно. Дар забони тоҷикӣ нидоҳои бисёре аз ҳиссаҳои дигари нутқ ба вуҷуд омадаанд ва ё дар ҷараёни гузариш мебошанд. Аксари чунин нидоҳо, амсоли ку, мана, ана, не, ин, на, офарин, аҳсан (аҳсант), ҳайф, ҳайҳот, аҷаб (аҷабо), лабай аз ҳамин қабиланд. Дар мавриди гузариш тағйири лаҳни гуфтор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо