Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Инверсия (лот. inversion – ҷойивазкунӣ). Бо мақсади пурқувват кардани фасоҳат ва мутаассирии нутқ тағйир додани ҷойи муқаррарии аъзоҳои ҷумла: Хулласи калом, назорат мекарданд ба ҳама кор (Р.Ҷ.).
Асли ин ҷумла: Хулласи калом ба ҳама кор назорат мекарданд. Инверсия дар асарҳои бадеӣ чун воситаи услубӣ бо мақсади пуробуранг кардани тасвир зиёд истифода мешавад.
Индикатив (лот. indicatives – изҳор кардан, хабар додан). Ба маънии сиғаи хабарӣ.
Инкишофи забон. Истилоҳи «инкишофи забон» дар таълифоти забоншиносони маъруф ба маъноҳои зерин истифода мешавад: тағйироти дарзамонии сохтори забон, унсурҳо ва алоқаю робитаи онҳо, тағйироти дарзамонии функсияҳои сохтори забонӣ, «ҷузҳо»-и он ва унсурҳои он.
Мутобиқи ин гуфтаҳо тафовут гузоштани: а) инкишофи забон ба пуррагӣ; б) инкишофи шаклҳо ва вариантҳои он; в) инкишофи сатҳҳои сохтории он; г) инкишофи категорияҳои фонетикӣ; д) инкишофи унсурҳои ҷудогонаи забон (шаклҳои грамматикӣ, морфемаҳо, калимаҳо, фонемаҳо, маъноҳо ва м.и.); ж) инкишофи функсияҳои шаклҳои таърихии забон ва вариантҳои он; з) инкишофи функсияҳои категорияҳои грамматикӣ; и) инкишофи функияҳои унсурҳои ҷудогонаи забон ҳатмист. Чунончи, забони римиҳои бостон (лотинӣ) ба шарофати империяи Рим дар қаламрави Аврупои Ғарбӣ бо забонҳои қавмҳою халқиятҳои аз ҷониби римиҳо забтшуда ва равобиту таъсири тарафайн дар равобити мутақобил қарор дошт. Дар натиҷа ҳамаи сохтори забон тағйир ёфт ва тадриҷан забонҳои гуногуни романӣ (испанӣ, португалӣ, франсузӣ, руминӣ, молдавӣ) ба вуҷуд омаданд. Гурўҳе аз забоншиносон (А.Мартине, Ю.Курилович) танҳо сабабҳои дар дохили сохтори забон бударо эътироф мекунанд. Гурўҳи дигар (А.Мейе, А.Соммерфелд) фақат падидаҳои эктралингвистӣ-берунаро эътироф намудаанд, аз ҷумла: а) сохтори иҷтимоии ҷамъиятӣ; б) ҳайати этникии аҳолии як кишвар; в) шакли умумияти таърихии инсонҳо: қабила, халқият, миллат; г) истеҳсолот,

пешина
аз 389
навбатӣ